logo

фарҳанг

КАМОЛИ ХИРАД ВА ЭЪТИБОР

Ҳар нафаре, ки ӯро медонист, вомехӯрд, суҳбат мекард, ҳамкор буд ва ё бо фарзанди бузурги миллати фарҳангии тоҷик дӯстӣ дошт, шод аз он аст, ки ном ва мероси эҷодии Мирзо Турсунзода ҳисси ифтихор ва муҳаббатро дар дили на танҳо ҳамдиёрони шоир, балки дар қалби мардуми адабпарвари сартосари ҷаҳони муосир бармеангезад. Бахт ба ман даст дод, ки ба сифати муовини якуми раиси Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо дар паҳлуи устоди донишманду закӣ, шахси ба таври комил дарксозандаи ҳодисаҳои замони худ ва муборизи роҳи адолат, мунодии сулҳу озодӣ бошам ва аз донишу малакаю таҷрибаи ғании сулҳҷӯии ӯ баҳра бардорам. 
Замоне, ки ӯ мезист, давраи шӯравӣ буд ва дар он устод Мирзо Турсунзода на танҳо чун шоири классики забардасти адабиёти тоҷику форс ташаккул ёфт, балки ҳамчун арбоби васеъмиқёси ҷамъиятию сиёсӣ симои шинохтае гардид. Вай дар таърих роҳи дуруст, роҳи ростро пеш гирифт, ҷонибдори халқҳои мазлуми зери юғи империализммондаи Шарқ буду баҳри озодии онҳо садо баланд кард. Вақт ҷойи ӯро дар он солҳои таърихӣ муайян намуд. Бо иродаи роҳбарияти сиёсӣ ва дастгирии фаъолонаи ҷомеа, Мирзо Турсунзода дар соли 1958 раиси Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо интихоб гардид. Обрӯю эътибори ҷаҳонии устод имкон доданд, ки фаъолияти кумита аз рӯзҳои нахустини раис интихоб гаштани ӯ дар кишварҳои Осиёву Африқо густариш ёбад. Ҳамсафони ӯ дар роҳи мубориза баҳри озодии халқҳои мазлум ва тантанаи адолати иҷтимоӣ дар мамлакатҳои мустамликавӣ Чингиз Айтматов, Анатолий Сафронов, Расул Ҳамзатов, Борис Полевой, Алим Кешоков, Римма Казакова ва бисёр дигарон – гули сари сабади аҳли эҷоди шӯравӣ ва зиёиёни сиёсӣ буданд. 
Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо ба ҳайати Созмони ҳамдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо, ки дар соли 1957 ташкил шуда буд, ворид мешуд. Ин воқеаи таърихӣ бо ибтикори президенти Миср Ҷамол Абдуносир ба амал омад ва қароргоҳаш дар Қоҳира мустақар буд. Дар пойтахти Миср бисёр конфронсҳо бахшида ба масъалаҳои муҳими рӯз, ба монанди дастгирии халқҳои мазлуми Африқо, Фаластину Ветнам рӯи кор меомаданд. Чун қоида намояндагони шӯравиро устод Мирзо Турсунзода сарварӣ мекард ва ҳар бор ӯ бо Ҷамол Абдуносир вомехӯрду оид ба масоили умда суҳбат меорост. Мирзо Турсунзода бо раиси Созмони ҳамдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо Юсуф ас – Сибаӣ муносибати дӯстона ва корӣ дошт. Ас – Сибаӣ нависандаи шуҳратёри Миср, муаллифи зиёда аз 40 роман, ҳамсафи наздиктарину боэътимоди Ҷамол Абдуносир ба ҳисоб мерафт, чанд асараш ба забони русӣ баргардон шуда буд. 
Дар солҳои раисӣ дар Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо Мирзо Турсунзода зиёд дар Москва манзил мегирифт, то ки дар чорабиниҳои Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо ширкат варзад ва ё намояндагони ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳии кишварҳои Осиёву Африқоро ба ҳузур пазирад.  Боиси тазаккур аст, ки вай ҳамчун сарвари Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо ба даҳҳо кишварҳои хориҷӣ сафар мекард, аз минбарҳои баланд сухан мегуфт ва ҳарфҳои самимиву дилсӯзонаи ӯ, даъвати ӯ баҳри пойдории сулҳу тантанаи адолати иҷтимоӣ ва озодӣ дар дили намояндагони халқҳои мазлуму мутеи абарқудратҳои ҷаҳони капитализм, ки аз гӯшаҳои дурдасттарини дунё ҷамъ меомаданд, эҳсосоти носутурданӣ мегузоштанд. 
Вуҷуди Турсунзода моломоли истеъдод буд: аз шоири маъруфи ҷаҳоншумул то арбоби шинохтаи сиёсии сатҳи дунявӣ. Ва ин ҳама қуллаҳои фатҳнамудаи ӯ бо хоксории табиӣ, фарҳанги волои ботинӣ ва эҳсоси иззати нафс мутаносиб афтодаанд. Хуб дар ёд дорам, ки чи тавр ба гуфтугӯ, музокирот, баҳсу мунозира ва баррасии масъалаҳо бо намояндагони хориҷӣ омодагӣ мегирифт. Вай дар бораи халқе, ки намояндааш назди мо омадааст, маълумот гирд меовард, таърихи гузаштаву имрӯза, анъана ва расму оинҳои махсуси милливу динии онҳоро меомӯхт, яъне ба вохӯрӣ ҳаматарафа тайёр мешуд. Ҳангоми суҳбат ба дафтар нигоҳ намекард, аз мо низ чизе намепурсид. Тарзи амали ӯ, сухани оромонаву самимонааш ба дили ҳамсуҳбат боварӣ мебахшид. Ва ин комёбии беназир дар муносибатҳои байналмилалӣ дониста мешуд. Дар хотираам мисолҳои зиёде аз фаъолияти сиёсии раис маҳфузанд. Дар оғози солҳои 70 – уми асри ХХ дар Димишқ ҷаласаи раёсати Созмони ҳамдилии халқҳои Осиёву Африқо ҷараён дошт. Намояндагони зиёда аз 20 мамлакат ҷамъ омаданд. Баромадҳо аз минбар тезу тунд, бо садои баланд ва эҳсосотӣ буданд. Ғалоғула мақсади асосиро пахш намуд, яъне фаромӯш карда буданд, ки баҳри чи ҷамъ омадаанд. Ва ана ба минбар бо симои ором, боварбахш ва некхоҳона Мирзо Турсунзодаи оқилу донои мо мебарояд. Толор хомӯш мешавад ва ӯ дар хусуси масъалаи асосӣ ҳарф мезанад:  роҳ ба сӯи комёбӣ дар ягонагист… Чун ҳарвақта вай зарифона, бисёр ҳам муносиб ба вазъи толор аз ҳозирон хоҳиш менамояд, ки дар ҳузури раиси ҷаласа, бонуи ситорагарм, раиси порлумони Сурия, мағал набардоранд, ки ин ба шаъни мардон зебанда нест. Баъди ин кафкӯбӣ рух дод ва ҳама «гӯш ба қимор» шуданд. Муҳити ҳамдилӣ ба вуҷуд омад. 
Турсунзода дар солҳое Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқоро сарварӣ мекард, ки кишварҳои Шарқ истиқлолият ва озодӣ ба даст меоварданд. Аз ин рӯ, вай дар саҳнаи муносибатҳои байналмилалӣ намояндагии мамлакати мо – Иттиҳоди Шӯравиро бо камоли хирад ва ифтихор анҷом медод. Саҳми ӯ дар пуштибонӣ аз муборизаҳо баҳри озодию соҳибихтиёрии халқҳои Осиё ва Африқо аз тарафи ҷомеаи шӯравӣ қадр гашт. Соли 1973 Мирзо Турсунзода бо ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз шуд, ки ин подоши  заҳматҳои кашидааш баҳри адолати иҷтимоӣ дар саросари дунё буд. 
Мукофоти олиро дар толори калони Хонаи Иттифоқҳо котиби КМ ҲКИШ, раиси комиссия оид ба корҳои байналмилалии Шӯрои Миллатҳо, академик Борис Пономарёв супурд. Устод Мирзо Турсунзода бо дасти рост парчами Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқоро устувор дошта истода орденро қабул кард.  Маросими орденсупорӣ дар васоити ахбори оммаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Осиёву Африқо тарғибу ташвиқ гардид, ки аз обрӯи баланди ҷаҳонӣ доштани устод гувоҳӣ медод. 
Бояд гуфт, ки ба фаъолияти ҷамъиятии устод Турсунзода чун кори эҷодии адабиаш, роҳбарони олимақоми давлатию сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ арҷ мегузоштанд.   Боре дар Кремл машварати навбатии кормандони соҳаи маданияти шӯравӣ бо ширкати ходимони намоён баргузор гашт. Машварат таҳти раёсати узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ М. А. Суслов ҷараён гирифт. Вай пеш аз он ки ба кори машварат оғоз намояд, ба атроф нигарист ва пурсид, ки Мирзо Турсунович дар куҷост? Чун устод қомат афрохтанд, хоҳиш кард, ки дар сафи пеши президиум ҷой гирад. Ин илтифот бесабаб набуд, устод шахси шинохта ва муътабар дар байни роҳбарони олимартаба буд.  
Дар муошират, гуфтугӯ ва муносибат бо шиносҳо ва ҳамчунин бо дӯстон устод Мирзо Турсунзода олиҳиммат, ҷавонмард, ҳалиму софдил буд, дар дил ҳисси кинаву адоват, шуҳратпарастӣ надошт. Ӯ чунин буд ва дар ёди халқ чун Шахси дорои қалби бузург хоҳад монд. 
Турсунзода дар рушди адабиёт, фарҳангу маданияти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва робитаи халқи тоҷик бо дигар миллатҳо саҳми беқиёс гузоштааст. Аз ин рӯ, мо бояд дар замони муосири дигаргуниҳои иҷтимоӣ ба мероси гаронбаҳои инсондӯстонаи Мирзо Турсунзодаи кабир такя намоем. Дар Москва ва ҳам дар саросари Россия ба дӯстии байни халқҳои мо арҷ мегузоранд. Муносибати ҳасанаи Россия ва Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо: иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра бомуваффақият дар рушду такомул аст. Бовар дорам, ки фаъолияти серҷабҳаи ҳамзамони шуҳратманду шинохтаи мо дар ҳамаи давру замонҳо бо ояндагони мо пайванд хоҳад монд.  
 
Александр Сергеевич ДЗАСОХОВ, 
муовини раиси Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо,
Президенти вақти Ҷумҳурии Осетия - Алания


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2021    №: 110    Мутолиа карданд: 1752
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед