logo

иҷтимоиёт

ДАВЛАТДОРӢ. ЗАХИРАҲОИ ТАБИИРО ҲИФЗ НАМОЕМ!

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 40 фоизи ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дорои кӯлҳои зебову пиряхҳои азим, олами ҳайвоноту набототи нодир ва манзараҳои тамошобобу захираҳои бузурги обӣ мебошад. Кормандони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҳамеша талош мекунанд, ки ба табиати зебои кишвар зараре нарасад. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист кормандони раёсат ҷамъомад доир намуда, пешрафту камбудиҳои фаъолиятро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки таваҷҷуҳи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба масоили муҳити атроф ва беҳдошти он бештар ҷалб кунанд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист хабарнигори рӯзномаи бо сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев ҳамсуҳбат гардид. 
Номбурда зикр кард, ки ВМКБ  дорои  захираҳои  бузурги об мебошад ва аз он на танҳо кишвари мо, балки тамоми сокинони Осиёи Марказӣ баҳра мебаранд. Танҳо кӯли Сарез дорои 17 миллиард метри мукааб оби ошомиданӣ буда, қодир аст дар оянда ташнагии чандин ҳазор истеъмолкунандагони обро на танҳо дар Тоҷикистон, балки  берун аз он ҳам  шиканад. Чунин нақшаву ниятҳо вуҷуд доранд ва дар ояндаи наздик бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ гаштани ин ниятҳо имконпазир хоҳад гашт.
- Захираи дигари оби ошомиданӣ - гуфт М. Назаралиев, - ин Зоркӯл  мебошад, ки дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр – дар Помири шарқӣ, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст. Дарёи Вахон аз он сарчашма мегирад ва обашро то дарёи Панҷ, ки дар поёноб бо номи Ому маъруф аст, мерасонад. Ин кӯли зебо ба ғайр аз  захираи фаровони обӣ, ҳамчунин, дорои захираи калони моҳӣ низ мебошад. Ҳатто аз поёноби Панҷ ҳам дар баҳору тобистон моҳиён барои тухмгузорӣ  ба ин макон ҳиҷрат менамоянд.
Яшилкӯл низ яке аз захираҳои калони оби ошомидании Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ноҳияи Мурғоб воқеъ аст. Дарозии он 26 километр буда, ягона захираи табиии об аст, ки дар хоҷагии халқи  ВМКБ, аз ҷумла барои тавлиди неруи барқ дар фасли зимистон, аз он  босамар  истифода мебаранд. Одатан ҳаҷми оби дарёи Ғунд дар фасли сармо коҳиш меёбад ва аз ин рӯ, бо мақсади таъмини Неругоҳи барқи обии “Помир-1” бо об ба рӯдхонаи Ғунд оби Яшикӯлро илова мекунанд. Дар фасли тобистон бо истифода аз иншооти обнигаҳдорӣ оби кӯл баста мешавад ва ин кӯл боз ба ҳолати аввалаи худ бармегардад.
Ба гуфтаи сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, истифодаи босамари сарватҳои табиии вилоят ба сокинони он манфиати хуб оварда метавонад. Дар  мавзеи ноҳияи Мурғоб дар баландии зиёда аз 4  ҳазор метр аз сатҳи баҳр Қаракӯл дар масоҳати 38 ҳазор гектар доман густурдааст. Истеъмоли оби он бо сабаби беҳад шӯр будан ғайриимкон аст. Манзараи зебо ва шамоли доимӣ имкон дод, ки чанд соли охир ҳамасола дар ин макон дар фасли тирамоҳ мусобиқаи қайиқронии ба ном “регата” баргузор гардад. Аз ин рӯ, дар фасли тирамоҳ дӯстдорони зиёди ин намуди варзиш ҳам аз кишвари худамон ва ҳам аз кишварҳои хориҷӣ дар Қаракӯл ҳам истироҳат ва ҳам мусобиқа баргузор мекунанд.  Имсол ҳам роҳбарияти Парки миллии Тоҷикистон дар Бадахшон  ва раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилоят ният доранд чунин мусобиқаро роҳандозӣ намоянд.
Дар баробари доир кардани ин гуна чорабиниҳо диққати асосӣ  ба ҳифзи табиати нотакрори диёр равона мегардад. Бо неруи кормандони ҳифзи табиат, ҷалби ризокорон ва мардуми маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти Қаракӯли ноҳияи Мурғоб ва деҳоти соҳили дарёҳои Ғунду Панҷ бо ҷалби зиёда аз  5 ҳазор нафар ҳамоиши «Тозагии соҳил» гузаронда шуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳифзи сарватҳои бебаҳои табиат ҳамарӯза дар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мешаванд.
Тараққиёти босуръати технологияи муосир башариятро водор месозад, ки таваҷҷуҳи худро ба муҳити зист бештар намуда, пеш аз амалӣ шудани барномаҳои гуногуни иқтисодӣ таъсири онҳоро ба мувозинати табиат муайян намояд. Дар сурати вайрон гардидани мувозинати табиат ба ҳодисаҳои нохуш рӯ ба рӯ шудани инсоният аз эҳтимол дур нест.  Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти ҳифзи муҳити зистро пайваста таъкид намуда, дар ободониву сабзкорӣ ширкат меварзанд. Чунин муносибати Сарвари мамлакат имконият фароҳам овардааст, ки сол ба сол кишвар ободтару зеботар гардад, муҳити зист беҳтар ҳифз шавад ва рушд ёбад, - гуфт М. Назаралиев.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04. 06.2021    №: 111    Мутолиа карданд: 1423
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед