фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
1 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
МУАММОИ «ФАРОҒАТ»
1. Муаллифи достони «Панҷи ноором». 2. Асбоби мусиқӣ. 3. Адиби фантасти тоҷик. 4. Нашриёт дар Тоҷикистон. 5. *** Бақозода, адиби бачаҳо. 6. Афсонаи машҳури халқии тоҷикӣ. 7. Манбаи дониш. 8. Телевизиони кӯдакону наврасон. 9. Рамзи миллӣ. 10. Муродифи мактуб. 11. Нашрияи бачагона. 12. Воситаи муошират. 13. *** Раҷаб, муаллифи повести бачагонаи «Муаттар». 14. Паранда. 15. Созмони талабагӣ. 16. Исми маъмулии занона. 17. Повести Пӯлод Толис. 18. Иди миллӣ. 19. Моҳи солшумории қамарӣ. 20. Андози давраи амирӣ. 21. Баробар ба сад сол. 22. Навъи санъат. 23. Хӯроки рамзии миллӣ. 24. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё. 25. Қаҳрамони достони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 26. Адиби тоҷик.
Мураттиб Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ, сокини шаҳри Душанбе
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ОИЛА» АЗ 28 МАЙИ СОЛИ 2021
1. Падар. 2. Родмард. 3. Демография. 4. Яъқуб. 5. Бӯзина. 6. Авлод. 7. Домод. 8. Духтар. 9. Рашк. 10. Кафолат. 11. Танзим. 12. Маърака. 13. Амакбача. 14. Амонат. 15. Талоқ. 16 «Қобуснома». 14. Абдураҳмон. 18. Никоҳ. 19. Ҳафтум. 20. Муҳаббат. 21. Тамаддун. 22. Номус. 23. Сабр. 24. Рӯдакӣ. 25. Имтиҳон. 26. Нафрат. 27. Тақлидкунанда. 28. Авторитарӣ. 29. Имконият. 30. "Тоҷикон" 31. Нороҳат. 32. Тилисм. 33. Мақбара. 34. Ангидрид. 35. Девдил. 36. Линотип.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
НИШОНИ ПУТИН БА ПАРВИЗ КАМОЛОВИ ТОҶИК
Парвиз Камолов, шаҳрванди Тоҷикистон дар Россия, бо фармони Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, бо диплом ва нишон қадр шуд. Ӯ ин мукофотро барои саҳми холисона дар ташкили аксияи умумироссиягии кумаки муштарак - “WeVmeste” сазовор шуд.
Парвиз дар Россия ба кишоварзӣ машғул буда, ба туфайли таҷрибаи бойи дар Тоҷикистон доштааш дар ин кишвар зуд муваффақ шудааст. Ӯ расман 100 гектар замини кишоварзии вилояти Новгородро гирифта, бо ҳамватанон, аслан, ба сабзавоткорӣ машғуланд. Парвиз Комилов, ҳамчунин, ба сокинони камбизоат ва мактаб – интернатҳои минтақа кумак мерасонад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
ҚУЛЛАИ ЭВЕРЕСТ. НАХУСТИН ТОҶИКИСТОНӢ ОНРО ФАТҲ КАРД
Виталий Хинензон, нахустин нафаре аз Тоҷикистон аст, ки қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест) - ро ки баландиаш 8848 метр аст, фатҳ кард.
Бояд қайд кард, ки Виталий Хинензон ҷаҳонгарди тоҷикистонӣ 11 апрел аз шаҳри Катманду дар Непал дар ҳайати гурӯҳи интернатсионалӣ ба сафари Ҳимолой раҳсипор шуд. Сафари фатҳи ин қулла бо мусоидати маҳфили украинии “Кулуарпоход” баргузор шуд.
Таъкид шудааст, ки Виталий дар сафари фатҳи қуллаҳо дар Қафқозу Помир иштирок карда, ба фатҳи қуллаҳои баландиашон 5 ҳазор метрии Казбек, Элбрус ва 7 ҳазор метрии Исмоили Сомонӣ, Сино ва Озодӣ (собиқ Ленин, Коммунизм ва Корженевский) ноил гардидааст.
Таҳияи Л. РИЗОЕВА
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Вақте ки вай аз айвони Қаср мегузашт, чашмаш боз ба ҳамон уқоб афтод, ки шоҳона савлате дошт ва самоҳо. Лек вай фарқ карда наметавонист, ки он паранда уқоб аст ё калхот – чӯҷабарак. Вале ин ишкел диққати ӯро ба худ ҷалб намекард, балки он чиз ҷалб мекард, ки он паранда барояш дастнорас буда, таҳти итоаташ қарор надорад. Ва онро тарсондан ҳам осон нест.
* * *
Барҷӯш, дило, ки вақти ҷӯш аст,
Гӯёи ҷаҳон чаро хамӯш аст?!
Майдони сухан марост имрӯз,
Беҳ з-ин сухане куҷост имрӯз?!
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,
аз 28 майи соли 2021:
Аслиддини Соҳибназар, Муҳаммад Ғоиб.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«Эҳтиром»
Аз қазо дар пайроҳаи борикаке, ки ду кас якбора имкони гузаштан надошт, Гётеи машҳур бо мунаққиди оташинсухане рӯ ба рӯ мезанад, ки ҳамеша асарҳои ӯро зери тозиёнаи танқид мегирифт. Мунаққид чун наздик меояд, ба қавле, осмонро сӯз дода, неш мезанад:
- Ман намегузорам, ки чаласаводе пештар аз ман гузарад.
- Ман, баръакс, аблаҳонро ҳурмат мекунам,- мегӯяд Гёте ва қадаме канор гузошта, мунаққидро роҳ медиҳад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ИТАЛИЯ
ҶАВОНДУХТАРИ ТОҶИК ДАР ҶАШНВОРАИ ФИЛМҲО БЕҲТАРИН ДОНИСТА ШУД
Ҳунарпешаи ҷавон ва боистеъдоди тоҷик Рафоат Шоазимова барои нақш дар филми «Провенциальные мечтатели» (Хаёлпарастҳои музофотӣ) дар ҷашнвораи Италия ҷоизаи беҳтарин ҳунармандро ба даст овард.
Филми бадеии «Хаёлпарастони музофотӣ» соли 2020 дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин аввалин ҷоиза нест. Пештар ин филм дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои «Падарон ва фарзандон» се ҷоиза ва дар Фестивали байналмилалии Леонид Хромов сазовори ҷоизаи «Кашфи сол» шуда буд.
Таҳияи Л. РИЗОЕВА
МЕҲРИ МОДАРИ 98 – сола ба «тифл» - и 80 - сола
Сокини Британияи Кабир Том Китинг тамоми умр боре ҳам аз модараш ҷудо зиндагӣ накарда буд. Вале, солҳои охир бо сабаби бад шудани саломатиаш маҷбур шуд, ки маскуни хонаи пиронсолон гардад. Ҳамин тавр, соли 2016 ӯ ба хонаи пиронсолони шаҳри Хайтони графи Мерсисайд омад. Модараш низ, пас аз як сол шомили хонаи пиронсолон гардид, то ба нигоҳубини писараш машғул шавад. Он замон модар 98 - сола буду писар 80 сол дошт.
Пас аз чанде суханони Адаи 98 - сола қалби тамоми дӯстдорони рӯзномаҳои англисиро тасхир намуд, ки ба ин мазмун дастрасӣ хонандагон гардид: «Ҳеҷ гоҳ эҳсоси модар будану меҳри фарзанд фаромӯш намешавад».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
НАХУСТИН РОБОТ-МУРАББӢ
Дар яке аз кӯдакистонҳои Россия нахустин робот-мураббиро ба кор қабул карданд. Муассисаи томактабӣ дар шаҳри Уренгои нав ҷойгир аст. Номи ин мураббӣ Promobot буда, ба тарбиятгирандаҳо усули кор бо техникаро ёд медиҳад. Гуфта мешавад, маҳз бо ёрии ин мураббӣ кӯдакон бо муосиртарин технология шиносоӣ пайдо мекунанд. Мураббӣ донишҳои навро ба кӯдакон тариқи бозӣ ва ё муоширати озод меомӯзонад.
Ширкате, ки роботро таҳия кардааст, бовар дорад, ки Promobot ба шогирдони ҷавон дар рушди тафаккури эҷодӣ, инчунин, малакаҳои тарроҳӣ ва муошират кумак хоҳад кард. Эҷодкорони мошини интеллектуалӣ мутмаинанд, ки кӯдакон метавонанд дар тӯли ду дақиқа бо Promobot забон ёбанд.
Таҳияи ФАРАҲНӮШ
ОЁ МЕДОНЕД?
Мардҳо нисбат ба занон ҳарфҳои хурдро хонда метавонанд, аммо шунавоии занҳо нисбат ба мардҳо беҳтар аст.
***
Фаронсавиҳо дар як дақиқа 350 вожаро талаффуз мекунанд. Ҷопониҳо 310, бритониёгиҳо 210, олмониҳо бошанд, 200 калимаро дар як дақиқа ба забон меоранд. Полинезиён хеле суст ҳарф мезананд: ҳамагӣ 50 калима дар як дақиқа.
***
Занбӯр ду меъда дорад – яке барои асал, дигаре барои хӯрок.
***
Палангҳо дар торикӣ назар ба одамон 5 маротиба беҳтар мебинанд.
***
Барои як килограмм асал занбӯр бояд 2 миллион гулро «бӯй» кунад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ҚАЛЛОБӢ
НАФАРЕ БАРОИ СУИСТИФОДА АЗ ЯК ТАРҲ 141078 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД
Чарлз Понси зодаи Италия буда, ба Амрико кӯчид ва дар синни 40 - солагӣ ҳамчун яке аз маъруфтарин мардони ҷаҳон шуҳрат пайдо кард. Ӯ вақте ба Амрико омад, дар ҷайбаш ҳамагӣ 2,50 доллар дошт. Ширкати сармоягузорӣ бо номи Stock Company Securities кушода, ба ҳар касе, ки ба ширкати ӯ сармоягузорӣ мекунад, ваъда дод, ки дар як моҳ 50 дарсад фоида ба даст меорад. Дар моҳи аввал 18 нафар ба ин ширкат ба маблағи умумии 1800 доллар сармоягузорӣ кард. Ӯ ба ваъдааш вафо карда, маблағи онҳоро бо фоидааш баргардонд. Аммо чӣ тавр?
Вай танҳо аз сармоягузорони нав пул гирифта, ба сармоягузорони пешина медод. Ин буд нақшаи Понси.
Муваффақияти Понсиро дида, зани тайландӣ Чамой Типясо низ роҳи ӯро пеш гирифт. Вале ӯ ба қаллобӣ роҳ дода, бо пулҳои 16000 сармоягузор “бозӣ” кард. Чун ба даст афтод, ба дарозтарин ҳукми зиндон дар таърихи инсоният - 141078 сол маҳкум шуд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ТАРҶУМА
Ҳангоми бо оркестри англисҳо машқ карданаш, Рихард Вагнери машҳур аз навозандагон норозӣ буд. Одатан, трубанавозон тез-тез хато мекарданд, наққорачиён мудом дер меомаданд, махсусан, ноҷӯрии ғижак оҳангсозро қариб то девонагӣ мебурд. Ниҳоят Вагнер як рӯз, ба қавле, “кафид”-у борони қаҳру ғазабро ба сари бечораи тарҷумон рехт:
- Ба ин тӯдаи аблаҳон фаҳмон, ки агар беҳтар навохтанро ёд нагиранд, зада-зада аз театр дафъашон мекунам.
Тарҷумони доно бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонда, рӯ ба сӯи оркестр мегӯяд:
- Ҷанобон, маэстро аз ҳамаи шумо маъзарат мепурсад, ки оҳангаш то ин ҳад душворнавоз аст. Бо вуҷуди ин, хоҳиш мекунад, ки бо тамоми қувваю маҳорате, ки доред, аз таҳти дил як бори дигар навозед. Ягона хоҳиши оҳангсозамон ҳамин аст, ки дар ҳолати боз ҳам ноҷӯр баромадани мусиқӣ рӯҳафтода нашавед ва ба ҳеҷ ваҷҳ ташвиш накашед!
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод Қурбоналӣ
ДЕР ОЯДУ ШЕР ОЯД
Доларес Соса аз тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ҳаёти тӯлонии худ танҳо гувоҳиномаи таваллуд дошт. Вале, баъдтар ин ҳуҷҷат ҳам гум шуд. Аз ҳамон замон ин пиразан бе ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият зиндагӣ кардааст. Ниҳоят Вазорати корҳои дохилаи кишвар ба доди Доларес Соса расида, дар синни 107 – солагӣ ба ӯ шиноснома дод.
Ба гуфтаи вазир ба шарофати ин, пиразан акнун метавонад дар синни пирӣ нафақа дарёфт намояд. «Дер ояду шер ояд», - зикр намуд Франсиско де Варгас.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ҶОЭЛ ОСТИН
(Нависандаи амрикоӣ):
«Худованд афродеро дар зиндагии мо қарор медиҳад, то битавонем аз тариқи хизмат ба онҳо ба зиндагии худ баракат бахшем. Шумо бояд ҳар субҳ аз хоб бархезед ва бигӯед: «Худоё, вазифаи имрӯзи маро ба ман нишон деҳ! Маро мутаваҷҷеҳи касоне кун, ки ба кумаки ман ниёз доранд». Лозим нест кумакҳои шумо ба дигарон хеле бузург бошанд, гоҳо як лабханд ва меҳрубонӣ метавонад ба дигаре ҷони дубора бахшад. Гоҳо як ҷумлаи илҳомбахш метавонад рӯзи як фардро бисозад».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
МУҲРАИ ГАРОН
Вазнинтарин муҳраро дар ибтидои асри XX Монто ном қабилаи зангиён, ки дар соҳили дарёи Конго зиндагӣ мекарданд, овехтаанд. Вазни чунин муҳра12 кило буд.
Таҳияи Аъзам Мӯсоев
КАДОМ АҚИДАҲО САДДИ РОҲИ САРВАТМАНД ШУДАН МЕГАРДАНД?
Стив Сиболд, муаллифи китоби «Фикру андешаи сарватмандон», даҳҳо нафар миллионерони ҷаҳонро мавриди пурсиш қарор дода, фарқи андешаронии онҳоро нисбат ба одамони одӣ муайян намудааст. Яке аз фарқиятҳои асосӣ дар он аст, ки пулдорон ба умеди касе намешаванд, ҳол он ки мардуми дигар умед ба ҳукумат, сардор, шавҳар ва тағои пулдор мебанданд.
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки нафарони дар интизори мурғи бахт нишаста ба худ эътимод надоранд. Касе, ки ба худаш эътимод надорад, ҳеҷ гоҳ сарватманд намешавад! Танҳо сарҳади тарсро убур намуда, инсон ба худ эътимод пайдо мекунад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ҲАШТ САДАМА БО ЯК ҲАРАКАТ
Бонуи 75 - солае аз Карлсруэ, бо як ҳаракати ноҷо якбора ҳашт мошинро аз кор баровард. Вай ҳангоми аз таваққуфгоҳ баромадан нохост ба ҷойи тормоз газро пахш менамояд. Дар ин лаҳза ӯ, аллакай, чамбари мошинро ба як тараф тоб дода буд, аз ин сабаб мошин дар ҷояш тоб хӯрд ва дар як лаҳза ба ҳафт мошини дигар бархӯрда, ба онҳо зарар расонд. Мошини нави кампири нафақахӯр ба тӯдаи оҳанпора табдил ёфт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
ИХТИРООТЕ, КИ БА ЯК ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУД
Инсулине, ки имрӯз ҷони ҳазорҳо нафарро аз панҷаи марг мераҳонад, кашфиёти табиб ва физиологи канадагӣ Фредерик Бантинг аст. Барои ин ихтирооташ ӯ соли 1923 барандаи ҷоизаи Нобел гашт.
Бантинг хислатҳои аҷиб доштааст. Аз ҷумла, нисфи маблағи ҷоизаашро ба шогирдаш Чарлз Бест мебахшад. Гузашта аз ин, бо дарки он ки инсулин баҳри сабук гардондани шиддати бемории диабети қанд аҳамияти калон дорад, аз патент карданаш даст мекашад. Ҳарчанд имкон дошт бо ин роҳ миллионҳо доллар ба даст орад, ихтироашро ба Донишгоҳи Торонто ҳамагӣ ба як доллар фурӯхт.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04. 06.2021 №: 111 Мутолиа карданд: 4082