қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, № 302
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сутуни сеюми гурӯҳи 24 замимаи 1 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2018, №302 «Меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда» рақамҳои «8,5», «9,8» ва «35» мувофиқан ба рақамҳои «17», «19» ва «70» иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
3. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, № 399
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаи 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, №399 «Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар сутуни сеюми гурӯҳи 02 мавқеи молии 0207 рақами «10» ба рақами «20» иваз карда шавад;
- дар сутуни сеюми гурӯҳи 24 рақамҳои «5», «23», «2,5» ва «18» мувофиқан ба рақамҳои «10», «46», «5» ва «36» иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
3. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.06.2021 №: 112 Мутолиа карданд: 4821