иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛ ВА САОДАТИ ҶАВОНОН
Дар солҳои истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳими ҷавонони кишвар ин самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардидани сиёсати давлатии онҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлат ба вазъи мураккаби авзои ҷомеа нигоҳ накарда, нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳбудии вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намуданашон дар ҷомеа, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Тавре Пешвои муаззами миллат дар мулоқоти навбатӣ, ки санаи 21 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, баргузор гардид, таъкид доштанд: «Мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардондани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Далели мазкур бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегӣ меҳисобад.
Дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар ва дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, қабул ва амалигардонии барномаҳои соҳавии давлатӣ, баргузории мулоқотҳои пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи рӯзи ҷавонон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардондани боғҳои фарҳангӣ, мавзеъву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ нақши беҳамто доранд. Дар ҳамин ҳол, нақши ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир зиёд аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд».
Лозим ба ёдоварист, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ҳамон нафаре метавонад устувор бошаду фирефтаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ нагардад, ки аз донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ бархӯрдор буда, тафаккури солим ва иродаи мустаҳкам дошта бошад. Маҳз ноогоҳии сиёсӣ, дур будан аз фарҳанги ҳуқуқӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинӣ имрӯз дар давраи бархӯрди манфиатҳо як гурӯҳ ҷавононро ба сангарҳои гуногуне кашидааст, ки суду зиёни он то ҳол на ба худашон маълум асту на ба дигарон. Дар робита ба ин масъала, Пешвои миллат таъкид намуданд: «Яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан, наврасону ҷавонони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тира месозанд ва боиси қафомонии давлат мегарданд».
Пас, биёед биандешем, ки кадом роҳ моро ба ояндаи дурахшон раҳсипор менамояд? Ҷавоб ин аст, ки оромӣ ва субот ҳастии ҳар як миллат аст ва насли ҷавони миллатро ба ояндаи дурахшон мебарад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат пайваста дар ин самт тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамоянд.
Имрӯз дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мо низ ба фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, саҳми насли ҷавонро дар рушди донишгоҳ хеле хуб эҳсос мекунем ва дар коргузории хеш ба неруи созандаи ҷавонон бештар авлавият медиҳем. Аз ин рӯ, кулли ҷавонони кишвар, донишҷӯёну наврасонро даъват менамоям, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан, модар, соҳибистиқлолӣ, фарҳангу суннатҳои милливу мазҳабӣ, бо ҳифзи аслу насаби худ, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат неруву тавоноии хешро дареғ надошта, ҳамчун ояндасози миллат дар рушди кишвари азизамон - Тоҷикистон қадами устувор гузоранд.
Фаромӯш набояд кард, ки таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллии худро танҳо бо худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дониши комил ва одобу ахлоқи ҳамида метавон таъмин кард ва дар ин кор ҷавонони кишвар бояд намунаи ибрат бошанд.
Қ. ХУШВАХТЗОДА, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.06.2021 №: 112 Мутолиа карданд: 663