logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. САҲИФАИ ТОЗА ДАР ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ

Таҳкими ҳамкориҳои неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, 9 марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 17 августи соли 2018, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ бахшиданд. 
Маҳз дар заминаи чунин муносиботи ҳасана байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва муассисаҳои таълимии соҳаҳои фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии «Шарқ - Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии ИДМ», 28 октябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маросими баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ  байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон» ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» баргузор гардид. Ҳадафи асосии созишнома таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи  санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ, гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ («устод - шогирд») ва нашри натоиҷи таҳқиқот ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, ифтитоҳи филиалҳои марказ дар ҳар ду муассиса барои ҳамкориҳои муштараки самаранок ҷиҳати рушди санъати мусиқии миллии классикии «Шашмақом» мебошад.
Тибқи санади мазкур ташкил ва роҳандозии тарҳҳои муштараки эҷодӣ, сафарҳои ҳунарӣ, фестивалҳои байналмилалӣ, форуму симпозиумҳо, озмуну консертҳо, гузарондани дарсҳои маҳорат, семинарҳои илмӣ-амалӣ ва шабҳои эҷодӣ бо мусиқинавозони маъруф, сарояндаҳо, композиторони шакли анъанавии ҳар ду тараф, ҳамкорӣ оид ба иштирок дар барномаҳои байналмилалии бадеӣ, илмӣ, таҳсилот ва ғайра ба роҳ монда мешаванд. 
Дар доираи ин фестивали байналмилалӣ ба иштирокчиёни фаъоли барномаи илмӣ - амалии фестивал, аз ҷумла ба Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Замира Суюнова, профессор Соҳибҷон Бегматов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Гузал Халиқулова,  Ходими хизматнишондодаи Ӯзбекистон Тӯхтасин Ғафурбеков, Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмон Холтоҷиев, профессори Донишкадаи миллии санъати тасвирӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзоди Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Усмон Карабоев, ки бо омӯзгорону донишҷӯён дарсҳои маҳорат гузаронданд, дипломҳо тақдим гардиданд.
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ - назариявӣ ва амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои санъат ва фарҳанг дар осори мероси таърихии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ», ки моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Тошканд баргузор гашта буд, байни МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд. Дар доираи Конфронси байналмилалии «Саҳми сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, некуҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарикии стратегии миёни ӯзбекон ва тоҷикон», ки 14 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ  байни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон  ба имзо расид. Ҳамзамон, 26 апрели соли 2021 Созишномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ва Академияи мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шуд, ки дар рушди жанрҳои суннатӣ, хусусан «Шашмақом» такони ҷиддӣ мебахшад. 
Хотирнишон месозем, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон олимону мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳми назаррас доранд. Масалан, Ходими хизматнишондодаи  Ӯзбекистон, устод Тӯхтасин Ғафурбеков дар давоми солҳои зиёд раисии комиссияи имтиҳонҳои давлатии донишкадаро ба зимма доштанд.  Бо тавсия ва пешниҳоди он кас аксари олимони машҳури соҳаи санъатшиносии тоҷик ба аспирантураи Консерваторияи Ӯзбекистон, ки дар  Осиёи Миёна ягона буд, дохил шуда, рисолаҳои илмии худро дифоъ карданд.
Айни замон дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» 83 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бояд зикр намуд, ки шумораи довталабон ва хоҳишмандон барои таҳсил дар донишкада аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сол ба сол рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.
Таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа низ нақши калидӣ мебозад. Зеро тоҷикон ва ӯзбекон ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Бошад, ки ин анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ, мисли муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ то абад ҷовидон бимонанд.
 
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филология, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 865
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед