logo

иҷтимоиёт

МЕРОСИ АДАБӢ. САҲМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Дониши андӯхтаи фаровону густурда дар партави ҷаҳонбинии нав, нигоҳи моҳиятҷӯ ба ҳаёти муосир ва дарки мушаххасоти давраи нави таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ ба Мирзо Турсунзода имкон дода, ки дар боби адабиёт ва ҳунар назарҳои ҷолибе ба миён гузорад. Афкору андешаҳои ӯ дар мақолаҳои илмӣ-танқидӣ ва маърӯзаву гузориш оид ба масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, нақди адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, забону баён, мушкилоти кори эҷодӣ, муносибат ба офариниши осори хубу марғуб, ҷараёни коркарди матн, таҳриру такмили шеър арзиши муайян доранд.
Андешаҳои адабӣ-интиқодии суханвари мумтоз Мирзо Турсунзода аз нигоҳи ду марҳалаи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қобили андеша аст:
1. Арзишдиҳии мероси адабӣ то нимаи аввали солҳои 50-уми садаи бист – марҳалаи сталинии шинохти адабиёт ва меросбарӣ;
2. Муносибат ба арзишҳои адабӣ аз нимаи дувуми солҳои 50-уми садаи бист – марҳалаи пасосталинӣ.
Осори адабӣ-танқидии устод аз соли 1947 то охири умр дар ҷилдҳои сеюму чоруми «Куллиёт» (1979, 1985 – мураттибон Ю. Бобоев, Ф. Турсунзода ва Х. Отахонова) фароҳам омада, ки 53 навишта аст. Ба шумурди Ю. Бобоев ӯ муаллифи қариб 200 нутқу музокира ва маърӯзаю мақолаҳои илмию адабӣ будааст (ҷ. 3, с. 421). Ин таълифот маърӯзаву гузориш дар анҷуману ҷаласаҳои нависандагон, рӯзҳои адабиёту санъат, суҳбатҳои гирдимизии идораи маҷаллаву рӯзномаҳои адабии шӯравӣ, мақолаҳо оид ба классикони адабиёти форсу тоҷик ва миллатҳои дигар – Низомӣ, Ҳофиз, Шевченко, Пушкин, Такур, Маяковский, Шолохов, Федин, Тихонов, Айнӣ, Лоҳутӣ ва дигаронанд. Мирзо Турсунзода дар арзёбии мароми эҷодии классикон ва суханварони мумтози замон завқи хос дошта, ба арзишу аҳамияти осори онон аз диди замон ва дар заминаи таърихии давраи нав баҳо доданӣ шудааст.
Осори интиқодии Мирзо Турсунзода дар солҳои 50-70-уми садаи ХХ бо одобу муҳассаноти шоистаи танқидӣ эҷод шудаанд. Дар осори мазкури ӯ таърифу танқид ва баҳсу мунозираи дақиқназарона ҷойи хос дошт, ки инро Юрий Бобоев бо иқтибоси ҳикмате аз шоири маъруфи Фаронса Элюар равшан кардааст: “Мунаққид дар ҳолате вазифаашро комилан адо мекунад, ки қабл аз ҳама, аз комёбиҳои асари бадеӣ ба ҳаяҷон омада, мафтуни он гардад, сонӣ пайи ҷустуҷӯи нуқсону камбудиҳои он шавад”...
Афкори адабӣ-интиқодии Мирзо Турсунзода дар давраи дувум – солҳои 50-70-уми садаи бист то ҷое сурат гирифта, аммо моҳияти ҷусторҳояш дар шинохти адабиёт ва арзиши осори адабӣ, муносибат ба мероси адабӣ таҳти таъсири мафкурагароии сталинӣ – солҳои 30 - 40 садаи ХХ камтар мавриди гуфтугӯ қарор доштааст.
Хосса, охири солҳои 30-юми садаи бист баъди бозгашт ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод фаъолияташ хеле густурда шуд. Мақолаҳои “Николай Островский”, “Сарояндаи орзуҳои халқ” – дар бораи Н. А. Некрасов, “Санъати халқи озод” бунёди шаклгирии андешаҳои адабии ӯро бозмегӯянд. 
Соли 1938 маҷмӯаи эҷодиёти шифоҳии халқ – “Намунаҳои фолклори тоҷик” дар таҳияи Мирзо Турсунзода ва Болдирев нашр шуд, ки солҳои 50 низ бори дигар рӯи нашрро дидааст (1951, 1957).
Кори муҳими дигари Мирзо Турсунзода дар охири солҳои 30-юм иштирок дар таҳияи маҷмӯаи “Намунаҳои адабиёти тоҷик” (1940) аст, ки онро ба 10-солагии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Мирзозода, Ҷ. Суҳайлӣ, Ҷ. Икромӣ, К. Лутфуллоева, Л. Бузургзода дастҷамъона таҳия карда ва зери таҳрири умумии С. Айнӣ, С. Улуғзода, А. Деҳотӣ, М. Турсунзода, И. Брагинский, М. Раҳимӣ ба табъ расидааст. Мирзо Турсунзода ҳамзамон, муаллифи фаслҳои “Умари Хайём” ва “Мулло Мушфиқӣ” аст.
Аз силсилаи асарҳо оид ба таърихи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ маълум аст, ки охири солҳои 30 ва ибтидои солҳои 40-уми садаи ХХ давраи исботи ҳуқуқи тоҷикон ба мероси классикӣ аст ва яке аз натоиҷи муҳими пажӯҳиши адибону олимони тоҷик дар ин давра исботи ягона будани мероси адабии тоҷикони Осиёи Миёна ва эрониён, баробарии ҳаққи онон ба адабиёти ҷомеи форсӣ, коркарди истилоҳи ягонаи «форс-тоҷик» бо сарварӣ ва иршоди маънавии устод Садриддин Айнӣ мебошад. Ин консепсияи дақиқе аст, ки бунёди адабиёти бузурги форсии тоҷикӣ дар қаламрави Варорӯд сурат гирифта ва дар такомули ин адабиёт ва падидории  мероси арзишманди адабии форсиву тоҷикӣ хидматҳои якҷояи шоирону суханварони ҳавзаҳои Осиёи Миёна ва Эрону Ҳинд нуктаи исботшуда аст. Аммо дар солҳои 30-юм дар иртибот ба натиҷагириҳои гурӯҳи шарқшиносон дар амри ҳақиқати асли шинохти таърихи адабиёт  ноҳамвориҳо ба миён омаданд. Устод Садриддин Айнӣ дар сари аввали ҷабҳа қарор дошт. Устод Мирзо Турсунзода низ ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар исботи ҳаққи тоҷикон ба мероси адабӣ фаъол буд. Номаи эътирозии ӯ (бо ҳамроҳии директори Нашриёти давлатии Тоҷикистон Ҳ. Неъматуллоев) ба мураттиб ва муаллифи сарсухани “Мунтахабот”-и Ҳофизи Шерозӣ (С.-Л., 1940), шарқшиноси маъруф Александр Болдирев ва директори шуъбаи ленинградӣ, муовини директори НДТ Зингер аз 30-юми декабри соли 1940 ҷолиб буда, дар ҳифзи рӯҳияи муборизаҳои устод Айнӣ, посдошти нуфузи ӯ дар он марҳала ва дастёбӣ ба мероси адабӣ муҳим аст.
Аз ин маъхаз назари мухталифи ҷараёни илмиву адабии замон дар меросбарии тоҷикон ба адабиёти гузашта исбот мешавад. Номаи ҷавобӣ ва эътирозии Мирзо Турсунзода ба Александр Болдирев санади муҳим ва шоёни таваҷҷуҳи таърихи набардҳои адабии тоҷик ва таъйини саҳми тоҷикон ба мероси гузашта мебошад. 
Ин мактуб аввалин маротиба аз рӯйи дастхати арабӣ бо номи “Як мактуби номатбӯи Турсунзода” дар маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” (1990, № 8, с. 8, 31) бо пешгуфтор ва тавзеҳоти адабиётшиноси маъруф, узви вобастаи АМИТ Соҳиб Табаров ба нашр расида буд. 
Болдирев мунтахаби девони Ҳофизро нашр намуда, дар муқаддимаи он ҳини ном гирифтани муосирони Ҳофиз Камолро “асосгузори адабиёти тоторҳои Ӯрдаи Қипчоқ” навишта буд” (“Латофатнома” ва мансубияти он ба Камоли Хуҷандӣ // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон, Серияи шарқшиносӣ, таърих, филология, 1990, № 3, с. 51). Аммо дар ин навиштаҳо нукот ва матолиби номаи Мирзо Турсунзода аз назар мондааст. 
Яке аз натиҷаҳои муҳими номаи устод Мирзо Турсунзода ин аст, ки мураттиб Болдирев ба маҷмӯа ва сарсухани он то ҷое, ки имкон дошт, ислоҳот ворид кард. Таҳрири маҷмӯа ба уҳдаи устод Айнӣ вогузор гардид. Танҳо пас аз вуруди бархе ислоҳот ва таҳрири ҷиддӣ «Мунтахабот»-и Ҳофиз соли 1941 ба табъ расид ва хонандаи тоҷик дар давраи шӯравӣ бори нахуст бо намунае аз ашъори шоири қарни ХIV ошноӣ пайдо кард. 
Нуктаи аввали эроди Мирзо Турсунзода ба Александр Болдирев дар бораи забони маҷмӯа аст. Ӯ кӯшидааст исбот намояд, ки сарсухани маҷмӯа “ба забони вайрони тоҷикӣ навишта шудааст. Дар он ҳеҷ як ҷумлаи дурустро пайдо кардан мумкин нест... аввал ба русӣ... баъд ба таври механикӣ тарҷума карда шудааст”.
Муаллифи нома ба таърихи адабиёт назари бориксанҷе карда, бо диди хос ва бо фаросату назокати сухансанҷӣ матлабро нозук ба миён ниҳода, ба матолиби сарсухани маҷмӯа баҳо додааст: “Дар ҷое, ки хишт бояд, чӯб ва ҷое, ки санг бояд, хоки хушк гузошта шудааст, яъне луғатҳоро дар ҷои худ кор нафармудааст”. 
Нуктаи дигар дар номаи устод Мирзо Турсунзода эътироз ва посух ба андешаи Болдирев дар боби “шинохти” Камоли Хуҷандӣ ба сифати «асосгузори адабиёти тоторҳои Ӯрдаи Қипчоқ» аст, ки ҷузъиёти баҳси адабии тоҷику русро бозмегӯяд. Номанигор дар танқиду танбеҳи чанд шарқшинос гуфт: «Дар ин муқаддима Камол якбора ба тоторҳои Қипчоқ дода шудааст, ки на онҳо забони Камолро мефаҳмиданд ва на Камол забони онҳоро (Ин ҳам, албатта, кашфиёт аст?!)».
Соҳиб Табаров дар тавзеҳаш ба ин матлаб навишта, ки “дар таҳрири нави муқаддимаи “Мунтахабот”-и Ҳофизи Шерозӣ ин “хато” ислоҳ нашудааст. Аммо тезиси “асосгузори адабиёти тоторҳои Ӯрдаи Қипчоқ” будани Камоли Хуҷандӣ дар нашри дувум ба назар намерасад.
Номаи устод Мирзо Турсунзода дар роҳи дарки моҳияти муборизаҳои зиёиён, посдошти асли тоҷикият дар он марҳала, дастёбӣ ба мероси адабӣ нақши назаррас мебозад ва матолиби он дар ҳаллу фасли масъалаҳои шинохти адабиёти форсии тоҷикӣ арзиш дорад. Номаи эътирозии шоир як санади асосии таъйини саҳми тоҷикон ба мероси адабии гузашта аст.
 
Субҳони АЪЗАМЗОД,
номзади илмҳои филология, 
устоди  ДДХ ба номи академик 
Бобоҷон Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 928
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед