logo

иҷтимоиёт

ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАН

Адиби номвар ва ходими давлатӣ  устод Мирзо Турсунзода фарзанди замони худ буд. Ӯ фарҳанги моро ба оламиён муаррифӣ мекарду манфиати миллату Ватан барояш  аввалиндараҷа буд.  Турсунзода  сиёсати замони шӯравиро дар он доирае дарку эҳсос менамуд, ки баъдтар онро дар  китоби арзишманди худашон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл зикр кардаанд: «Марҳалаи дигари тақдирсоз дар ҳаёти миллати тоҷик ин даврони истиқлолият дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ин давраи таърихӣ бисёр паҳлуҳои мусбат ва манфӣ дошт, ки ҷанбаи муҳимтарини он баъди ҳазор сол аз шарофати Инқилоби Октябр дар харитаи ҷаҳон пайдо шудани Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон мебошад. Чанде нагузашта кишвари тоҷикон чун ҷумҳурии сотсиалистӣ дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд намуд. Ва бо ҳамин садои онҳое, ки ному насаби миллати тоҷикро қасдан иқрор намекарданд, оқибат хомӯш гардид». 
Устод Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири тавонои ватанпарасту ваҳдатсаро,  ҳамзамон вассофи камназири бузургии Зан-Модар эътироф гардидааст. Буданду ҳастанд  «шикастабаҳоёну бузургфурӯшоне»,  ки шахсият ва хидматҳои бебаҳсу бебаҳои ҳатто падари назми порсӣ Рӯдакӣ, ҳакимони замони худ Фирдавсиву Абуалӣ Синову Носири Хусрав, Мавлонои Балхиву устод Айниро ҳам  зери шубҳа гузоштаанду устод Турсунзодаро ҳам «вассофи коммунизм» ном бурдаанд. Вале, ба бахти одамият, нури маърифати ин бузургони мо ҳар гуна пардаи сиёҳро дарида, то абад равшангари роҳу дили одамон мегардад. Дар ин маврид метавонем ёдовар шавем аз  шеъри «Коммунист»-и устод Мирзо Турсунзода, ки  агарчӣ дар шакли  зоҳирӣ  ба хусусияти  аҳди шӯравӣ иртибот дошта бошад ҳам, дар асл шоир асоси воқеии рафтору кирдору пиндори инсонеро бо номи «коммунист» рӯи варақ овардааст, ки бовиҷдону боинсоф, адолатпарвар бошад. Кам нестанд мисолҳое, ки имрӯз ҳам одамони поквиҷдону боадолатро:  «вай бисёр коммунист аст» ё «вай аз феъли коммунистиаш набаромадааст»  гуфта, муаррифӣ менамоянд. 
Устод Мирзо Турсунзода пайваста дар талоши мусоидат намудан ба пойдории  озодию ободии Ватани худ ва мардуми олам ба сар мебурд. Фикр мекунам, ки рӯҳи бузурги  устод Мирзо Турсунзода аз дастовардҳои имрӯзи Ватани соҳибистиқлолашон-Тоҷикистон таҳти сарварии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон шоду ором бошад. Бо ин  иқболу пойи қадами неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нобиғаҳои илму адабу сиёсату давлатдории гузаштаи худ, аз ҷумла устод Мирзо Турсунзодаро,  ёду зиндаву гиромӣ медоранд. 
 Соли 1982 дар  маъракаи хурсандии як рафиқам, ки дар он Ҳофизи халқии Тоҷикистон, равоншод Одина Ҳошим ҳунарнамоӣ мекард, ман низ иштирок доштам. Ҳангоми танаффуси кӯтоҳмуддат овозхони нотакрор бо завқу ҳаяҷон дар бораи устод Мирзо Турсузода чунин нақл карданд: «Дар Покистон бо сафари ҳунарӣ меҳмон будем. Мардум ҳунарнамоиҳои маро гарму ҷӯшон истиқбол намуда, савол медоданд, ки ин мард кист, аз кадом миллат аст, ки бо забони порсӣ ва бо чунин лаҳни зебову дилнавоз суруд мехонад? Ровӣ ҷавоб дод, ки Одина Ҳошим, тоҷик аст, аз Тоҷикистон. Тамошобинон боз зиёдтар ба ҳаяҷон омада, пайваста савол медоданд ва мехостанд бифаҳманд, ки тоҷик чӣ миллат аст ва Тоҷикистон дар кадом гӯшаи олам  аст? Ровӣ ба тамошобинон муроҷиат карда гуфтанд, ки агар Файз Аҳмади Файз ва дӯсти  вай Мирзо Турсунзодаро шиносед, пас Одина Ҳошим ҳамватани ҳамин Мирзо Турсунзода мебошад. Бо шунидани номи Мирзо Турсунзода аҳли толор аз ҷой бархоста, бо қарсаки пурмавҷ: «Аҳсан ба Мирзо Турсунзода! Аҳсан ба Одина Ҳошим! Аҳсан ба миллати тоҷик!» мегуфтанд. Дар ин лаҳзаҳо ман ифтихори бузургеро аз ҳамватани хирадманди худамон  Мирзо Турсунзода  эҳсос мекардам ва аз чашмонам ашки шодӣ мерехт». 
Баъди ба охир расидани ин нақли зебо аз чашмони ин ҳунарманди маъруф ашк рехт ва такрор ба такрор мегуфт: «Садқаи номут шавум Мирзо Турсунзодае…». Табиист, ки ин лаҳза   чашмони шунавандагони дар паҳлуи ин марди шарифҳузурдошта низ беихтиёр пури ашк шуда буд.
Шунидаам, ки хирадмандон адабиёт ва аҳли адабро ба гулистоне шабоҳат додаанд, ки дар он садҳо гулҳои гуногуну рангоранг рӯидаву бо зебоиашон бинандаро мафтун месозанд. Устод Мирзо Турсунзода як гули зебое дар гулистони адабиёти оламгири тоҷик аст.  Лоиқ  Шералӣ  Мирзо Турсунзодаро ҳамчун устод ва адибе, ки назмаш ва рисолату мартабааш мисли рӯди Варзоб ҷориву абадӣ аст,  қабул дошта дар ин бора чунин гуфта:
 
Рӯди Варзоб то кунад варзиш,
Солиён беқарору осоиш.
Бо ҳамин рӯд назми ту ҷорист,
Бо ҳамин рӯд умри ту боқист.
 
Аҳмадҷон АЛИЗОДА, 
устоди Донишкадаи давлатии энергетикии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 603
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед