logo

иҷтимоиёт

ДУ ХОТИРА

“Устод Мирзо Турсунзода, воқеан, Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Имрӯзҳо, ки дар арафаи 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, мунодии сулҳ устод Мирзо Турсунзода қарор дорем, мехоҳам ду ёддоштро, пешкаши хонандагон гардонам.
Соли 2015 - ум буд. Дар хонаи камина, ки ба хотири ҷашни тӯйи писарам меҳмонон ҷамъ омада буданд, суҳбати хосае ба вуқӯъ пайваст. Дар рафти маърака садои доира баланд шуд ва сароянда Фазолат, ки хеши ҳамсарам буд, суруди шӯхеро замзама намуд. Чун суруд ба охир расид, ба ӯ муроҷиат карда гуфтам: 
– Чӣ мешуд, аз Шашмақом суруде месароидед!
– Аз падарам хоҳиш кунед, он кас Шашмақомро беҳтар месароянд, – гӯён Фазолат ба мӯйсафеде, ки дар кунҷи хона менишастанд, ишора намуд.
Нафаре аз аҳли нишаст ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт: – Рост, бобои Абдушукур сарояндаи хубе мебошанд, ҳатто, аз рӯи шунидам, дар назди Мирзо Турсунзода чандин бор суруд ҳам хондаанд. 
Бобои Абдушукур ба фикр фурӯ рафта, аз чашмонашон беихтиёр донаҳои ашк ҷорӣ шуд. Аз садои доира ба худ омада: – Ҳа! Дар ҷавонӣ садои хубе доштам, ҳоло садоям хаста, аммо ба хотири ин рӯзи хурсандӣ, «Ушоқи Самарқанд» - ро, ки дар назди Мирзо чанд боре сурудаам, месароям, - гӯён ба сурудан сар карданд. 
Овози мӯйсафед каме ларзон, вале бисёр ҳам ширин ва форам садо медод. 
Бобои Абдушукур Ҳоҷиев зодаи деҳаи Қаратоғ буда, дар ҳамсоягии усто Турсуни дуредгар зиндагӣ кардаанд ва бо устод Мирзо Турсунзода бисёр ҳамсуҳбат шудаанд. Ман инро медонистам, аз ин рӯ, ҳамин ки сурудро ба охир расониданд, аз он кас пурсидам: 
– Бобои Абдушукур, чӣ мешуд аз ёддоштҳоятон дар бораи устод Мирзо Турсунзода қисса мекардед!?
– Оре, писарам он лаҳзаҳо фаромӯшнашавандаанд, – гӯён ба нақл сар кард бобои Абдушукур: 
– Тобистони солҳои 1938 буд. Ба кору бори хона машғул будам, ки баногоҳ аз пушти дарвоза садои муаллим Ризоев баланд шуд. Чун берун баромадам, Ризоев аз дастам дошта гуфт: – Рафтем, дар лаби дарё Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода ва дигарон нишастаанд. Абдуҷаббори Танбурӣ низ дар он ҷост, як суруд хонда, ҳамаро қоил кун! 
Мо ҳамроҳ ба лаби дарё рафтем. 
– Э ин писари Мулло Хоҷӣ ку? –гӯён Мирзо Турсунзода ба нишастан ишора карданд. Ман, ки ҳамагӣ 13 сол доштам, беҷуръатона ба лаби намад нишастам. Табъи Мирзо Турсунзода бисёр болида буд. 
– Кош дар базми адаб ман дилбаре медоштам, – гӯён луқма партофтанд. 
Ин лаҳза намедонам аз куҷо мисрае ба забонам омад ва ман ҷуръат карда «Ё ба дастам пур зи май ман соғаре медоштам» гуфтанамро нафаҳмида мондам. 
- Бале! Маълум, ки набераи қорӣ Иброҳими оҳангар боз ҳозирҷавоб ҳам будааст. Канӣ, як суруд хон, бинем, чӣ хел суруд мехонӣ? 
Абдуҷаббори Танбӯрӣ танбӯрашро ҷӯр карда, ишора намуданд ва ман «Ушшоқи Самарқанд» – ро сурудам. Чун суруд ба охир расид, устод Мирзо Турсунзода ба муаллим Ризоев муроҷиат намуданд:
– Муаллим, писари Мулло Ҳоҷиро ба Душанбе фиристонед! Ҳунари хуби сарояндагӣ дорад, ба мо ин хел сарояндаҳо лозиманд. 
Ман, ки дар хона писари калонӣ ба шумор мерафтам ва падарам барвақт аз дунё чашм пӯшида буданд, таъминоти хона ва нигоҳубини ду додарам: Абдуғаффор ва Абдуғафурро чун бар дӯш доштам, ин пешниҳоди устодро амалӣ карда натавонистам, вале ҳар гоҳе суруд хонам, ин лаҳзаҳои фараҳбахш пеши назарам меояд… 
Ҳоло бобои Абдушукур сокини деҳаи Аскари Сурхи Ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар қайди ҳаёт нестанд, вале ин суҳбати гуворо дар саҳифаи дили ман нақш бастааст. 
***
Як қиссаеро аз ёддоштҳои Файзалӣ Шукур дар бораи дар овони наврасӣ болои боми падар қироат намудани ашъори Хоҷа Ҳофизро пешкаши хонандагон мегардонам. Ин ёддоштро Файзалӣ Шукур даврони донишҷӯӣ аз забони шоҳидони воқеа, ки он замон дар қайди ҳаёт буданд, шунида, рӯи коғаз овардааст:
“Далели бебаҳс ва раднопазир аст, он ки устод Мирзо Турсунзода, воқеан, ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ аз хурдӣ дилбастагӣ ва ихлоси бепоён дошт. Вале булбулвор қироат кардани Ҳофизро дар болои боми гузари Тошқӯрғон ва кӣ будани тарғибгари Ҳофизхонии Мирзоро шояд бисёр касон надонанд.
Ин лаҳзаҳоро ҳини мулоқот ба мо, дӯсти даврони кӯдакии Турсунзода, Раҳими Ҷӯшонӣ ёдовар шуд. 
– Дар яке аз нишастҳои соҳили дарёи Қаратоғ, дар ҳузури шоир, аз гап гап баромаду банда аз Ҳофизхониҳои Турсунзода ёд кардам:
– Мирзоҷон, сухан аз даҳони Луқмон хуш аст, - мегӯянд. – Илтимос, ҳамон лаҳзаҳоро худатон ба хотир меовардед.
Турсунзода каҷпаҳлу зада, бо чеҳраи шукуфта он рӯзҳоро чунин ёдовар шуданд:
– Падарам - усто Турсуни дуредгар бисёр саҳархез буданд. - Ҳар рӯз пеш аз дамидани субҳ хеста, баъди адои намози бомдод, то парешон гардидани партави Офтоб дар устохонаашон дуредгарӣ мекарданд. Аз тарақ – тарақи теша ман ҳам бедор мешудам ва дигар хобам намебурд. Ҳангоме ки субҳ медамид, наҳорӣ накарда, китоби ғазалиёти Ҳофиз дар даст болои бом мебаромадам ва сабақҳои дар мактаби куҳна додаи муллоро такрор мекардам. Аз ҳавои тозаи соҳил дар субҳи солеҳон илҳоми тоза мегирифтам. Шеърҳои Ҳофизро ба таври ифоданок, бо овози баланд мехондам ва ғарқи қироат мешудам. Дар яке аз чунин рӯзҳо нав як ғазали Ҳофизро қироат карда будам, ки аз он сӯи соҳил, аз гузари Сурхӣ, овози меҳтар (сурнай) баромад. Ҳайрон шудам, ки дар ин пагоҳии барвақт навохтани меҳтар ба кадом сабаб бошад. Ман қироат мекардаму меҳтар овозамро пахш мекард ва ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, ки дар он сӯи соҳил чӣ гап аст.
Ин ҷо бо як табассуми ширине Мирзоҷон риштаи суханро ба дӯстамон ҳунарманди мумтоз Иброҳим Азим (Азим Лайлак) доданд.
– Иброҳимҷон, идомаи қиссаро Шумо хубтар медонед. – Сирри сурнайнавозии Билол - меҳтар дар чӣ будааст?
Иброҳим Азим ба идомаи қисса пардохт: 
«Фасли хазонрез буд. Рӯзе субҳи барвақт аз хоб бедор шуда, ба соҳил омадам, ки дасту рӯй шӯям. Аз насими саҳар баҳра гирам, - гуфта буд Билол – меҳтар. Ҳамин дам ҷониби гузари Тошқӯрғон қироати Мирзо ба гӯшам расид.
Ҳушамро ҷамъ намуда, лаҳзае мутаваҷҷеҳи овоз шудам. Хонданаш писанд буд. Шамоли дарё овози хуши Мирзоро ба гӯш расонда, ҳаловат мебахшид. Рӯз ба тамом сафед шуда буд. Хурӯсҳо дигар ҷеғ намезаданд. Ба атрофи гузарҳои Тошқӯрғон, Сурхӣ, Кулолӣ, Чармгарӣ назар афкандам. Дар сарам фикре пайдо шуд, ки ҳоло мераваму бо садои сурнай хуфтагонро бедор мекунам ва бо садои худ бонг мезанам:
– Эй мардум, бовар мекунед, писари нуҳсолаи усто Турсуни дуредгар Ҳофизро чунон қироат мекунад, ки обу адо мешавед? Бовар накунед, ману дарёи Қаратоғ гувоҳ!
Бо ҳамин азм тохта ба ҳавлӣ даромадам. Меҳтарро аз тор гирифтам. Пӯшишашро кашида, найчаи лабро насб кардам. Сипас, давида ба соҳил омадам. Ҳамин ки оҳанги «Шодиёна» - ро хатм кардам, аз чор тараф ғалоғулаи мардум баланд шуд…»
Аз он субҳ то чанд муддат Билол – меҳтар тарғибгари ҳофизхонии Мирзоҷон шуда буд…”. Аз ин ҳикоя илҳоми камина ҷӯш заду онро ба риштаи назм кашидам:
 
Субҳидам болои боми хонае
Наврасе Ҳофиз қироат менамуд.
Гӯиё боди сабо оҳангҳо
Аз ғазалхонии наврас мерабуд.
 
Буд бо ӯ ҳамсадо боди сабо,
Бурда овози варо то дурҳо.
Офтоб аз ин садо бедор гашт,
Медурахшонид сӯяш нурҳо.
 
Булбуле пайдо шуда дар ин диёр,
Ҳамраҳи дарёву боди кӯҳсор.
Марду зан бедор мекард ӯ зи хоб
Бо садои дилнавозу ширадор.
 
Чун Билол он дам шунид овои ӯ,
Дар лаби дарё саҳар биншаста буд.
Шеъри Ҳофиз, лаҳни хуш, боди сабо,
Ин ҳама бо ҳамдигар пайваста буд.
 
Гуфт: - Ваҳ, нуҳсола Мирзо асту бас,
Ӯ чӣ хуш ҳофизсароӣ мекунад.
Гӯиё боди сабо  ҳамроҳи ӯ
Ҳамнавоӣ, ҳамсадоӣ мекунад.
 
Рафт сӯи хона меҳтарро гирифт,
Бо садои он писар шуд ҳамнаво.
Муддати чанде саҳаргаҳ мешуданд
Меҳтару овози Мирзо ошно.
 
Абдуқаҳҳори ҚОСИМ,
сардабири нашрияи “Ҳидоят”, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед