иҷтимоиёт
ИҚТИДОРИ ЗЕҲНӢ БА ТАВРИ КОФӢ ИСТИФОДА НАМЕШАВАД. ЧАРО?
Басо рамзист, ки мулоқоти навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар дар остонаи Ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт. Зеро насли ҷавони кишвар ҳамчун меросбарону такягоҳи боэътимоди давлат масъулияти ҳифзи ин арзиши волою муқаддасро бар дӯш дорад, ки маҳз дониши фароху заковати баланд шарти муҳими иҷрои ин рисолат арзёбӣ мегардад. Вале истифодаи иқтидори зеҳнӣ ва таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони баландихтисос то ҳанӯз ҳамчун саволи посухталаб боқӣ мемонад.
БАРОИ ОН КИ ДАСТНИГАР НАБОШЕМ…
Дар вохӯрии навбатӣ Пешвои миллат дар баробари таҳлилу баҳодиҳии соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон, таваҷҷуҳи аҳли толорро ба омоданамоии мутахассисони баландпоя дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ равона карданд, зеро собит шуда, ки рушди илмҳои дақиқ тараққиёти ҷомеаро таъмин менамояд. Ҳатто, кишварҳое, ки дорои захираҳои табиӣ нестанд, бо ин роҳ дар муддати кӯтоҳ ба рушди устувор даст ёфтанд. Барои мисол, Сингапур бо машғул шудан ба илмҳои бунёдӣ дар зарфи ҳамагӣ 15 сол ба давлати пешқадам тадбил ёфт. Ё Ҷопон бо техника ва технологияи пешрафтааш дар ин ҷода аз ҷумлаи мамлакатҳои пешҳангом ба ҳисоб меравад.
Дар шароити феълӣ, ки Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор додааст, афзудани талабот ба мутахассисони ин бахши муҳими илм амри табиист. Бо ишора ба он ки дар қатори бисёр кишварҳо мо низ техникаву технологияро аз давлатҳои аз ин ҷиҳат пешрафта мехарему барои истифодаи он мутахассисонро бо маблағҳои калон даъват менамоем, Сарвари давлат масъалагузорӣ карданд: “Барои чӣ мо наметавонем, ки иқтидори зеҳнии худро ба кор андохта, техникаву технологияҳои заруриро эҷод ва истеҳсол кунем, то ин ки дастнигари дигарон набошем? Барои ин илму дониш ва саводу маърифати мардум, махсусан наврасону ҷавононро баланд бардоштан зарур аст».
Дар ҳақиқат, истифодаи дурусти захираҳои зеҳнӣ ва тарбияи насли нави дорои тафаккури пешрафта имкони ривоҷ ёфтани Ватани азизамонро фароҳам меорад ва ин, ба гуфтаи Сарвари давлат, “аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чи андоза дар самти азхудкунии дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, инчунин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талош менамоянд”.
ФИРОРИ МАҒЗҲО КӢ БА ОНҲО РОҲ МЕКУШОЯД?
Таҳлилгарон дар зарфи солҳои охир кам шудани таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба илмҳои бунёдӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дигар мамлакатҳо низ тасдиқ менамоянд, вале аслан бингарем миёни ҷавонони тоҷик кам нестанд онҳое, ки дорои тафаккури созандаанд. То ҳанӯз бисёри пантентҳо рӯи коғазанду татбиқи худро намеёбанд. Агар ин ихтироот ба дарди ҷомеа нахӯрад, барои чӣ кашф шуд? Агар метавонад омили пешрафти соҳае бошад, чаро масъулон дар амалишавии он иқдом намегиранд?
Ҷавонони тоҷик имрӯз барои ривоҷи иқисодиёти кишварҳои дигар хизматҳои арзанда менамоянд. Ҳар рӯз аз сомонаҳо мутолиа мекунем, ки олими ҷавоне дар химия кашфиёте мекунаду дастовардҳояш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ мекашад. Ё дар физика. Чаро онҳоро мақоми ваколатдори соҳа барои пешбурди иқтисодиёти кишвар ҷалб намекунад? Ё ки ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯён барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Албатта, бо назардошти мутахассиси кадом соҳа шудани онҳо. Саволи матраҳ ин аст, ки оё ҳамаи онҳо ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба Ватан бармегарданд?
Ва, воқеан, оид ба ин масъала Роҳбари давлат эроди ҷиддӣ гирифта, нафареро мисол оварданд, ки тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”, ки аз Фонди махсуси Президент маблағгузорӣ мешавад, дар хориҷ таҳсил намудаву ҳамон ҷо кору фаъолият дорад. Пас, масъулонро мебояд, ки дар ин ҷода тадбирҳои заруриву таъхирнопазир андешанд, то чунин ашхос баъди хатми муассисаҳои таълимии хориҷӣ баргашта, баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон хидмат намоянд.
ПАРАДОКС: ДОНИШҶӮ КОР НАМЕЁБАДУ КОРФАРМО КОРГАР
Дигар ин ки, ҳамасола теъдоди зиёде баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ соҳибдиплом мешаванд. “Айёми чун гул ба чаман будан”-ҳо, ки гузашт, ҳама дипломбадастҳо як гап доранд: “Кор нест!”. Ҳамзамон, масъулони тамоми соҳаҳо – фарҳангу тандурустию саноату энергетикаву дигару дигар аз нарасидани мутахассис гила мекунанд. Ба назаратон аҷиб наменамояд, ки ҳам ош ҳақ мешуморад худрову ҳам мош? Вале гап сари ин ки касбияти мутахассисон ҷавобгӯи талабот нест. Агар баъзан ба деҳоти дурдаст нарафтани мутахассисонро сарфи назар кунем, ин мушкили сангини на танҳо минтақаҳо, балки проблемаи рақами яки марказҳои шаҳру навоҳӣ ва ҷумҳурист. Ин проблемаи куҳна, яъне нарасидани кадрҳои баландихтисос, бахусус дар пешорӯи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат, чун сангаре истодааст. Зарурати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ба миён омадаасту аммо барои онҳо мутахассис намерасад. Худ қазоват кунед, вақте муассисаҳои омодакунандаи мутахассиси саноати сабукро соле беш аз 400 нафар хатм карда, ҳамагӣ 15 – 20 нафар ба истеҳсолот равад, ҳоли соҳа чӣ мешавад?! Ҳамин аст, ки корхонаи нассоҷии бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон таъмини пойтахти мамлакат коргар намеёбад. Ҳамзамон, на як бору ду бор мешунавем, ки корфармоён норизоӣ мекунанд: “Кадрҳои нав аз одитарин нозукиҳои соҳа бехабаранд”.
Дар баробари ин, омӯзгорони фанҳои дақиқу табиӣ зиёд будани омӯзиши фанҳои ҷомеашиносиро дар ин равияҳо қабул надоранд. Ҳамзамон, тестӣ будани имтиҳон дар ин илмҳо омӯзгоронро сардаргум кардааст ва ҳатман ҷорӣ намудани имтиҳони рӯ ба рӯ ё кор кардани масъаларо дар баробари тест зарур мешуморанд. Дар ин сурат айби чӣ ва ё кист: барномаи таълимӣ, ки мувофиқи мақсад таҳия нагаштааст, танбалии донишҷӯ ё чизи дигар?
АЗ МИҚДОР БА СИФАТ ГУЗАРЕМ
Мебинем, ки Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, то мушкилоти зерин ҳалли худро ёбанд. Ҳатто, барои таҳрик додани мафкураи ҷавонон ба илмҳои дақиқу табиӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” роҳандозӣ гашт. Пӯшида нест, ки ноил шудан ба натиҷаҳои илмӣ кори якрӯзаву дурӯза нест. Бо назардошти ин, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд.
Умед мебандем, ки масъулон ниёзи соҳаҳои муҳими иқтисодиро ба мутахассисон, ки рушди минбаъдаи кишвар аз он вобастагии амиқ дорад, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳанд. Ин соҳаҳо на аз рӯи омор бо мутахассис таъмин мешаванд, балки нафарони таҳрикдиҳандаи соҳа ба майдони истеҳсолот меоянд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2021 №: 115 Мутолиа карданд: 769