озмунҳо
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозтоби хидматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОЗМУН эълон менамояд.
Дар озмун олимону адибон, публитсистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳои пешниҳодшаванда бояд дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ офарида шуда, фарогири дастовардҳои се даҳсолаи аввали истиқлолият ва хидматҳои мондагори фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил, ташаккули давлатдории миллӣ ва таъмини нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бошанд.
Асарҳо дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14, қабул карда мешаванд.
Озмун аз 10 июн то 10 ноябри соли 2021 идома ёфта, дар арафаи таҷлили Рӯзи Президент ҷамъбаст мегардад.
Ғолибони озмун бо мукофотҳои таъсисдодаи муассисон - Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадр мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2021 №: 115 Мутолиа карданд: 18060