иҷтимоиёт
КОРГОҲИ ЭҶОДИИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Чанде пеш барои пайдо кардани намунаи дастхати устод Мирзо Турсунзода ба осорхонаи устод рафта будем. Дар ин боздид, дар баробари дигар осори арзишманд, ду асари нодири ӯ ба даст расид, ки яке дафтари шеъри “Дастовез” ва дигар дастхати таҳрирхӯрда (мусаввадаи) достони машҳури ӯ “Ҷони ширин” иборат аз 28 саҳифа варақаи коғази ёддошт бо сарлавҳаи “Депутат Верховного Совета СССР” бо зернависи ҳамин унвон ба забони мардуми 14 ҷумҳурии дигари Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бо иҷозаи мудири осорхона аз ин ду асари нодир нусха бардоштем. Дастхати устод ҳамагӣ ба хати зебо ва хонои арабиасоси тоҷикӣ буд.
Баҳси аслӣ сари дастхати “Ҷони ширин” аст. Матни дастхати достони “Ҷони ширин” барои натиҷагириҳои бештар имкон медиҳад. Дар асл, авроқи мавҷуд ба сурати пароканда, ки шояд бахшҳое аз чанд нусхаи таҳриршуда бошанд, нисбат ба матни мавҷуд дар китобҳои устод тафовути зиёдеро дар худ нуҳуфтаанд. Дар матни дастхат ё худ дастхатҳои мавҷуд баъзе пора ва абёт ду ё се бор таҳрир шуда, баъзан таҳрири сеюм ҳам дар ҳамин дастхат боқӣ монда, дар китоб он байт ё ибора ба гунаи дигар омадааст. Яъне, маълум мегардад, ки ин дастхатҳо мусаввадаи якуму дуюми достон буда, шоир боз варианти дигареро, ки шояд сеюм ё чорум бошад, эҷод намудааст.
Аввалин чизе ки аз матни ин дастхат ба назар ҷолиб ва қобили аҳамият мерасад ва аз он сарфи назар кардан барои матншинос ҳаргиз қобили қабул нест, ҳамон аст, ки дар ибтидо ёдоварӣ шуд. Яъне, дар баргаҳои ёддошти депутати Шӯрои Олии СССР навишта шудани ин достон.
Чун дар матни мусаввада, ки нотамом аст, макон ва таърихи эҷоди он ишора нашудааст, ба эътибори ҳамин сарбаргҳои депутатӣ метавон эҳтимол дод, ки мусаввадаи асар дар ҷараёни кори (ҷаласаи) Шӯрои Олии СССР, ки вақти зиёди шоир дар он сипарӣ мегардид, навишта шуда, қисман бевосита дар ҳамин ҷараёни навишти аввал таҳрир (дуборанависӣ) шудааст ва маҳз ҳамин пораҳо бештар гувоҳӣ медиҳанд, ки шоир мусаввадаи аввалро дар шароити комилан фориғ аз корҳои дигар, масалан дар хона ё ҷойи дигар анҷом надодааст, балки онро дар сари кор навиштааст. Масалан, навишти як байт чунин ҷараёнро аз сар мегузаронад:
Ҷони ширин (хат зада мешавад)
Мурғи озодем мо (хат зада мешавад)
Мо, ки озод аз ғамем (хат зада мешавад)
Аз ғами бисёрҳо огаҳ камем (хат зада мешавад)
Ниҳоят ин байт чунин мешавад:
Ҷони ширин, мо, ки озод аз ғамем,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ камем.
Байти баъдӣ рӯйи варианти аввал бо хатзадану болотар навиштан, таҳрир мехӯрад. Варианти хатзада чунин аст:
Ёд дорӣ, шоири оташзабон
Гашта буд дар хонаи мо меҳмон.
Таҳриршудаи ин байт чунин аст:
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Байти баъди он комилан хат зада мешавад, ки чунин аст:
Шуъла меборид аз чашмони ӯ,
Дуди оҳ аз мағз-мағзи ҷони ӯ.
Баъди ин варақи тоза бо ҳамон сарбарг меояд, ки ин қитъа аз аввалаш навъе покнавис шудааст:
Ҷони ширин, мо ки озод аз ғамем,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ (наем) камем.
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон -
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Дар зиёфат гарчи ӯ хомӯш буд,
Лек чун дарё ниҳон дар ҷӯш буд.
Шуъла меборид аз чашмони ӯ
Дар ғаму андуҳи Покистони ӯ.
Мавҷзан чун ҳалқаҳои об буд -
Обҳои ноҳаи Панҷоб буд.
Боз чанд сафҳа баъдтар таҳрири тозатаре наздик ба матни имрӯзиро аз ин қитъа мебинем ва чун онро ҳам бо матни китобҳо муқоиса мекунем, маълум мешавад, ки боз тағйироте ҳаст. Баъзе мисраъю байтҳо, умуман, ҳазф шудаанд ва мисраъю байтҳои дигаре пайдо шудааст, ки ғолибан беҳтар ва муассиртаранд. Чунин равиш то охири ин мусаввада идома меёбад.
Дар мисоли як байти дигар мо ду таҳрирро мебинем, ки дар матни китоб боз ба гунаи дигар таҳрир шудааст:
Лек дар пеши назар рӯйи ту буд,
Гарданамро ҳалқа гесӯи ту буд.
Мисраи дувум хат зада шуда, дар ҳошия чунин навишта мешавад:
Баста дил бо тори гесӯи ту буд.
Дар китоб:
Ҷилваҳои чашму абрӯйи ту буд.
Ки, албатта, аз ҳар назар беҳтар аст ва, хусусан бӯйи куҳнагӣ намедиҳад.
Байти матлаи ин достон низ аз ин равиш истисно нашудааст.
Дар нахустин таҳрир чунин аст:
Ҷони ширин, ин қадар айбам макун,
Бозгаштам аз сафар, айбам макун.
Ва чанд сафҳа баъдтар боз бо чунин таҳрир омадааст:
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Бесабаб, беҳуда дилтангам макун.
Тавре, ки мебинед, ин матлаъ, ки навъе ба байти тарҷеъ ҳам табдил мешавад, дар китобҳои сари дасти устод боз ба гунаи дигартар аст:
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Ва бисёр равшану возеҳ аст, ки гунаи охирини ин байт хеле беҳтар мазмуни мавриди назар ва эҳсосу ҳолати қалбии шоирро баён мекунад.
Дар гунаи аввал ибораи “айбам макун” радиф шудааст. “Айб кардан” дар забони шеъри мо аз замони Саъдиву Ҳофиз роиҷ аст ва байти “Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, ки гуноҳи дигаре бар ту нахоҳанд навишт” - ро ба ёд меорад. Ин айб кардан, ки байни ду бегона ошиқи ринд ва зоҳид воқеъ мешавад, бамаврид аст ва рақобати ҳамешагии табиии онҳоро бисёр боназокат мерасонад. Аммо байни ду ҳамсари мушфиқ “айб кардан” муносиб нест, балки, беш аз ҳама, ҳамон ибораи хоси тоҷикии “ҷанг кардан” дархӯри ҳол мебошад.
Дар идомаи достон чанд маврид аст, ки таҳрири бештар ба онҳо ихтисос ёфтааст. Аз ҷумла, мавриди барои шоир бисёр ҳассос, ки яке аз ангезаҳои аслии навишта шудани ин достон гардидааст – посух гуфтан ба таъназанандагони ҳамсару фарзандонаш ба сабаби танҳоии онҳо. Масалан, ин пораи муфассали мавҷуд дар мусаввада баъдан ҳазф шудааст:
Дилбаро, ин қадр дилтангӣ макун,
Бо ду-се гапчин ҳамоҳангӣ макун.
Алҳазар, аз фитнаҷӯён, алҳазар!
Алҳазар, аз бадзабонон, алҳазар!
Кошкӣ онҳо ҳунар медоштанд,
Бо сухан дар дил асар медоштанд.
Лек аз онҳо маҷӯ гуфтори хуб,
Маънии барҷаставу осори хуб...
Аммо ин пораи баъдан ҳазфшуда маълумоти муҳимеро дар худ ниҳон дорад ва он ин аст, ки дар асл таъназанандагон ба танҳоиву раҳпоии ҳамсару фарзандони устод, чунон ки дар таҳрирҳои баъдӣ омада, танҳо “занҳои ланҷ” ва “дугонаҳои пурноз” нестанд, балки касоне ҳастанд, ки бо шоир рақобати касбӣ доранд. Агар чунон намебуд, шоир намегуфт: “Лек аз онҳо маҷӯ гуфтори хуб, Маънии барҷаставу осори хуб”. Чун ин достон, мисли осори дигари шоир ҳовии масъалаҳои бузурги башарӣ ва мамлу аз ҳусни отифаи инсонист, шоир раво намедорад, ки фазои онро бо ифшои ботини рақибони хабистинат тира кунад, балки ба ҷойи онҳо образи дигари латифу нарм дугонаи нозкунанда офарида шудааст.
Мавриди дигаре, ки матн бештар кор хӯрда таҳрир шудааст, тасвир ва баёни ҳоли меҳмони африқоӣ мебошад. Он касро ба гумоне мебарад, ки шояд шоир дар ин мавзӯъ гуфтании зиёд дорад ва тарҳи як асари алоҳидаеро чун “Садои Осиё” ва силсилаи ашъори ҳиндустонӣ дар бораи Африқо дар сар мепарварида бошад. Ҳамчунин, қисмати муфассале, ки ба ҳамқаламу ҳамқадами устод шоир Николай Тихонов махсус аст, борҳо таҳрир шуда, баъзе байтҳо танҳо дар мусаввада боқӣ мондаанд:
Оташу хун дидааст ин марди рус,
Душмани дун дидааст ин марди рус.
Дидааст ӯ дӯстони бешумор,
Ҳам хазон дидаст, ҳам рӯйи баҳор.
Дар ҳама аҳвол чун фарзанди рус.
Бовафоӣ карда бо савганди рус.
Тавре ки мушоҳида мекунед, баръакси дигар байту мисраъҳои шоир дар ин байтҳо, ҳеч андешаи хос, таъбиру тасвири мушаххас вуҷуд надорад ва шоир бедареғ аз баҳри онҳо мегузарад.
Аммо бештари шоҳбайтҳои шоир дар ин достон, ки баъдан ба мақолу зарбулмасал табдил ёфтаанд, аз ҳамон таҳрири аввал пухтаву рехта омадаанд ва, тақрибан, дар онҳо тағйире эҷод нашудааст. Аз ҷумла:
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Қалъа аз як пояи девор нест,
Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.
Рӯйи олам дидан одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст...
Ин як мурури мухтасар дар коргоҳи эҷодии устод Мирзо Турсунзода барои натиҷагириҳои муҳим асос медиҳад: а) устод Турсунзода ба далели машғулиятҳои зиёди хидматӣ матни дастнависи аввали бисёре аз осорашро дар зимни масруфиятҳои дигар шурӯъ намудааст; б) матни аслӣ ва дастхатҳои осори Мирзо Турсунзода ғолибан ба алифбои ниёкон мебошад; в) устод Турсунзода табъи равон ва ҳамеша ҷӯёву фаъол дошта, ки боиси чандинбора таҳриру такмил кардани осораш гардидааст ва ҳар матни наве, ки ба дасти худи шоир иншо шудааст, нисбат ба матни қаблӣ тафовут дорад. Ҳатто, дар як маврид маълум мегардад, ки шоир дар зимни қироат ва дар зеҳн низ осорашро таҳриру такмил менамудааст. Масалан, дар шеъри “Дили модар” мисраи зерин дар ҳама нашрҳо ба як сурат аст:
“Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам”.
Аммо дар як сабти радиоии ашъори устод, ки бо қироати худи ӯ дар бойгонии Радиои тоҷик маҳфуз аст ва зоҳиран дар солҳои охири зиндагии шоир анҷом шудааст, устод Турсунзода ин мисраъро чунин қироат мекунад:
“Шаби базми арӯсӣ ашки шодиро равон кардам”.
Яъне, шоир ба ин натиҷа расидааст, ки калимаи “тӯй” - ро ба калимаи тоҷикии “базм” иваз намояд. Бояд ҷустуҷӯ кард, ки оё дастнависе ҳам аз ин мисраъ ба ин сурати охирӣ боқӣ мондааст?
Бояд дар назар гирифт, ки дар сабти маҳал ва таърихи эҷоди осор ва шояд мавридҳои дигар ҳам шоир ба иқтизои зарурати замон тағйиротеро раво дида, ки айни воқеиятро ифода намекунад.
Эҳсоси ҳувияти миллӣ дар вуҷуди устод Турсунзода то охирин лаҳзаҳои зиндагии ӯ дар ҳоли рушд будааст. Барои чопи комили интиқодии осори Мирзо Турсунзода таҳқиқоти муфассали матншиносии ин осор зарур аст.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА,
Шоири халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2021 №: 115 Мутолиа карданд: 613