иҷтимоиёт
ХУСУМАТ. НАҲЗАТ АЗ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ ҲАМ МАНФИАТ МЕҶУСТ
Воқеаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки мардуми асилзодаи тоҷик ва пойбанди усулҳои баробарӣ дар сурати таҳоҷуми мусаллаҳона ба хоки Ватани хеш, аз як гиребон сар бароварда, омодаанд, ба қимати ҷони худ аз марзу буми аҷдодиашон ҳимоят кунанд.
Ҳамдилию ҳамбастагии мардуми мо дар масъалаи қазияи Ворух ва даргирии мусаллаҳона дар марз нишон дод, ки халқи шарафманди тоҷик дар зарфи Истиқлолияти давлатӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як иттиҳоди комил расидааст. Вале, чунин иттиҳоду ҳамбастагӣ ҳамеша хоби душманони ин миллати сарбаландро ҳарому мағзашонро ноором месозад.
Он чи дар сарҳад гузашт маълум аст ва омилҳои таҳрикбахши муноқиша низ ба дурустӣ шинохта шудааст. Вале, барои мо мояи нигаронӣ ин буд, ки душманони миллати тоҷик - худбохтагони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо истифода аз чунин вазъият низ дар талоши имиҷсозии худ шуда, манфиатҳои милливу давлатиро зери по карданд. Дар пайи чунин амали ноҷавонмардона, бори дигар маълум шуд ва ё факти дигаре ба аъмоли хоинони миллати тоҷик изофа шуд, ки дар ягон давра арзишҳои милливу давлатӣ барои ин гурӯҳи харобкор аҳамият надоштаву нахоҳад дошт.
Дер боз ин гурӯҳи авомфиреб, ки бозичаи дасти бегонагонанд, барои таъсир расондан ба мафкураи мардум ва бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар аз ҳар васила кор мегиранд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд. Ҳол он ки воқеаи охир бори дигар нишон дод, ки онҳо аз ҳар фоҷиаву бадбахтӣ низ суди худро меҷӯянд.
Ин даъвогарони «озодӣ» - ю «демократия» боре аз худ намепурсанд, ки омили аслии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 - уми асри гузашта, ҳамин тоифаи имрӯз фирорӣ буданд. Агар ба сад ҳилаву найранг инкор мекунанд, вале мардуми шарафманду огоҳи тоҷик инро хуб медонанд, ки ҳамчун кишвари ҷангзада ангуштнамои ҷомеаи ҷаҳон гардидани Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият шикастани сохтори давлатӣ, тороҷи моликияти мардум ва давлат аз «баракат» - и ҷанги роҳандозинамудаи онҳо ва хоҷагони хориҷиашон буд.
Рафтори душманонаи наҳзатиҳо нишон медиҳад, ки дар як соли охир ин дувумин ҳодисаи ғамангезест, ки ТТЭ ҲНИ аз онҳо низ манфиат меҷӯяд. Вале, хушбахтона, дар баробари иродаи мардум ва иттиҳоду ҳамбастагии халқи тоҷик шикастхӯрдаву ақибнишин мешаванд. Бо вуҷуди ин, минбаъд низ мо набояд кӯшишҳои ин зоҳирпарастонро дар амри эҷоди хусумат, ноамнӣ ва халалдор кардани суботи кишвар бепосух монем.
Шаҳзода ҚАЮМОВА,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
Кароматулло ФАЙЗИЕВ,
омӯзгори коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2021 №: 115 Мутолиа карданд: 743