logo

маориф

БАЛҶУВОН. МАСЪУЛИЯТИ ОМӮЗГОРОН ДАР КАМОЛОТИ МАЪНАВИИ НАСЛИ НАВРАС МЕАФЗОЯД

 
Соҳаи маориф, ки ҳадафи умдаи он тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони оянда ба ҳисоб меравад, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз тайёр кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро самти афзалиятнок ҳисобида, ҳамасола барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, биноҳои таълимии иловагӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии хонандагон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Бояд эътироф намуд, ки дастоварду пешравиҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳиму калидӣ давоми беш аз ду даҳсола бесобиқа арзёбӣ мегардад. 
Тавре Умеда Бекова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон, ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иброз дошт, муҳимтарин омили комёбӣ дар соҳаи маориф таълиму тарбия аст, зеро омӯзгори фаъолу кордон, дониши баланди касбидошта, бузургтарин дороӣ ва калиди дари ганҷинаи маънавии ҳар маърифатгоҳ мебошад. Чуноне ки Сарвари давлат дар паёмашон иброз доштанд, агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита  сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Балҷувон зодаи даврони истиқлол буда, соли 1996 таъсис ёфтааст. Давоми 23 сол дар баробари дигар соҳаҳо рушди соҳаи маориф низ таъмин гардида, ба бунёду навсозии зиёда аз 34 муассисаи соҳаи маориф заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Дар соли 2020 дар ҷамоатҳои деҳоти Сайф Раҳим, Балҷувон, Сафар Амиршоев, Сари Хосор ва Тоҷикистон 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, навсозӣ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони 3 муассисаи таълимӣ ва 12 синфхонаҳои иловагии дигар идома дорад. Инчунин, гимназияи давлатии ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ҳоло дар 49 муассисаи таълимии ноҳия  7 ҳазору 150 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 701 омӯзгор, аз ҷумла 193 нафар зан, ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Ҳамчунин, дар 2 муассисаи томактабӣ 92 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия 264 нафар кӯдаки синни 5-6 - сола ба маркази инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Дар соли сипаришуда аз тарафи роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ба шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон 300 миз ва 600 курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ ворид гардид, ки ин иқдоми нек барои донишомӯзии хонандагону наврасон буд. Натиҷаи ҳамин дастгирию ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маориф буд, ки дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 843 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 19 хонанда сазовори ҷойҳои якум, дувум ва сеюм дар даври вилоятӣ ва 1 нафар сазовори ҷойи дувум дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гардид. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 10 намояндаи ноҳия дар даври вилоятӣ ширкат варзида, 1 нафар бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардид. Итминони комил дорем, ки рушди соҳаи маорифи ноҳия дар партави сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат боз ҳам вусъати бештар ёфта, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол хоҳем гирифт, -  афзуд Умеда Бекова.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 5841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед