logo

фарҳанг

ЯК ПАНДИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Соли 1967 хидмати ҳарбиро ба итмом расондаму ҳаётам ба соҳаи ҳарбӣ робитаи зич пайдо кард. Минбаъд шурӯъ аз шаҳри Душанбе то ноҳияи Мурғоби ВМКБ, шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан фаъолият кардам. Солҳои 1975-1979 дар шаҳри Конибодом низ адои вазифа намудам. Яке аз марҳилаҳои хубу хотирмони фаъолиятам дар ин шаҳри таърихӣ гузашт. Он замон вазифаи сардори шуъбаи бехатарии шаҳрро бар зимма доштам. Ин диёр ба он хотир боз бароям азиз аст, ки ин ҷо бори нахуст бо устод Мирзо Турсунзода вохӯрдам.
Албатта, дар ин шаҳр ба ҷуз аз устод Турсунзода, инчунин, бо адибони маъруфи дигар, мисли Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил ва Муъмин Қаноат низ вохӯриву суҳбатҳо доштам. Ҳама бо худ олами маънавии рангину зебое доранд. Аммо суҳбати чандлаҳзаинаи мо бо устод Мирзо Турсунзода рангу таровати дигаре дорад.
Рӯзе паёми хуш расид, ки ба Конибодом устодони сухан – Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ташриф меоранд. Мардум аз шодмонӣ дар курта намегунҷиданд, ҳама ҷо гап-гапи омадани шоирон буд.
Мо ҳам, ки масъули бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ будем, ба ҷои баргузории маҳфил шитофтем. Одамони касбу кори гуногун гурӯҳ-гурӯҳ ба дидани шоирони писандидаи хеш меомаданд. Ҳамин тариқ, маҳфил оғоз ёфт ва қариб 4 соат бо шӯру шавқи зиёд гузашта бошад ҳам, халқ аз шеъру латифа ва хушгӯиҳои адибони бузург сер намешуданд.
Он шабу рӯз шояд каме хаста будаам, ки аз мардум канора ҷуста, сигор равшан кардам. Дар зери як дарахте, ки харак дошт, нишастам. Панҷа ба мӯям бурда, ба хаёл рафтам, ки ногаҳ шарфаи пойи касе маро ба худ овард. Мебинам, ки худи устод Мирзо Турсунзода. Аз ҳайрат намедонистам, ки чи гӯям. Ҳам ҳайрат маро фаро гирифта буд, ҳам фараҳмандии зиёд. Нахуст бо эҳтиром салом кардем, шоир бо чеҳраи пуртабассум дастони маро фишурд, сипас ба нишастан даъват намуд. Чанд дақиқа бо ҳам нишастем.
Дар аввали мулоқот гумон кардам, ки ин адиби бузург шояд хаста шудаасту ҳавои тоза хостааст ё мисли ман мехоҳад сигор кашад, ё ин ҷо ногаҳон гузараш афтодааст. Хулоса, гоҳ аз ин меандешидаму гоҳ аз он.
Дар ниҳояти ин фурсати кӯтоҳ ҳадафи пеши ман омадани устод маълум гашт. Гарчанде ман он замон зиракиву рамузфаҳмии шоирро дарк накардам, вале баъдтар фаҳмидам, ки чаро чунин шахсияти бузург маҳз пеши ман омадааст.
Ба китфам даст монда гуфта буд:
- Писари хуб, халқу Ватан аз шумо ва ҳамкорони шумо умедҳои зиёд доранд. Лаҳзае агар шумо ба ғафлат дода шавед, ҳоли халқ бад мешавад. Аз ин рӯ, барои иҷрои вазифаи мушкилу сангин бароятон иродаи мустаҳкам ва садоқати беш мехоҳам.
Баъди шунидани ин панд, ки дар гӯшам барои як умр ҳалқа шуд, шоир аз ҷо бархост. Ҳамон салобати хос ва шукӯҳи шахсият буд, ки дар баробари ин илтифот чизе гуфта натавонистам, ҳатто ташаккур. Устод бо қадаммонии мусалсалу ҷозиб аз ман дур шуд.
Баъди ҷамъбасти маҳфил то ҳол, ки ҳаштоди умрро убур мекунам, меандешам: пеши як корманди одӣ омадану чунин панди бебаҳоро додан, ба китфи ҷавонмарди соҳаи ҳарбӣ даст мондану таскину шуҷоат бахшидан, хоси мардони бузург аст. 
Фикр мекунам, ки устод Мирзо Турсунзода пеш аз маҳфил ё дар давоми маҳфил аз масъулони вақти шаҳр фаъолияти маро пурсида, бо ман аввал ғоибона ошно шудааст ва баъд аҳд кардааст, ки пешам ояд ва чанд дақиқаи қиматашро бароям бубахшад.
Ҳанӯз кӯдак будам, ки дар майдони Кремли шаҳри Москва аллома Бобоҷон Ғафуровро дидам. Барои иштирок дар озмуни рустанипарварони наврас он ҷо рафта будам, фанни ботаникаро ба ҷон меписандидам. Минбаъд бо тақозои вазифа бо роҳбарони вақти республикаи шӯравии Тоҷикистон низ борҳо вохӯрдаам, аммо ин суҳбати пурҳикмати устод Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон барои ҳамеша дар ёдам равшан аст. Илоҳо, умри шеъру осори ин шахсияти наҷиби миллати тоҷик ба ҳазорсолаҳо расад.
 
Муъминҷон АБДУСАМАДОВ, собиқадори соҳаи ҳарбӣ, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 1695
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед