иҷтимоиёт
ЧӢ БОЯД КАРД?
ТО ХУД ВА КӮДАКОНРО АЗ ҒАРҚШАВӢ ЭМИН ДОРЕМ!
Баробари фарорасии фасли гармо хурду бузург ҷиҳати болидарӯҳӣ ва фароғат майл ба соҳилҳои дарёву кӯлу ҳавзҳо мекунанд. Аслан, мавсими оббозӣ дар қаламрави кишвар аз моҳи июн то октябр идома меёбад. Албатта, об бадани инсонро такмил дода, ҳаловат мебахшад, ба гармии бадан таъсир расонда, таскинбахш мегардад. Бинобар ин, одамон дар ин фасли сол мекӯшанд ба миқдори муқарраршуда аз нури офтоб ва обҳои рӯду ҳавзу кӯлҳо баҳра баранд. Дар баробари ин, онҳоро мебояд, ки қоидаҳои бехатариро дуруст донанду риоя ҳам намоянд.
Мутаассифона, гоҳҳо аз беэътиноӣ дар чунин ҷойҳо ҳодисаҳои нохуш сар мезананд. Табиист, ки на ҳар кас шиновар аст ва қудрати ҳимояи худро ҳангоми ғарқ шудан дорад. Бештар вақт ба ин гуна ҳодисаҳо кӯдакону наврасон дучор мешаванд, ки сабаби асосиаш беназоратии волидон мебошад. Чунин ҳодисаҳои нохуш ҳамасола рух медиҳанд, вале аз чи бошад, ки барои падару модарон онҳо дарси ибрат намешаванд.
- Тоҷикистон кишвари офтобрӯя аст. Бинобар ин, дар фасли тобистон эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оббозӣ зиёд мегардад. Вале, бо таассуф гуфта мешавад, ки имсол нисбат ба соли гузашта ҳолатҳои ғарқшавии байни кӯдакону наврасон хеле барвақт оғоз шуд. Масалан, соли гузашта дар обанбор ва дарёҳо 700 нафар ғарқ шуд, ки аз инҳо 104 нафараш ба коми об рафт. Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ, ки мавсими оббозӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст, аллакай, 34 нафар ғарқ гардид, ки аз инҳо 20 нафараш кӯдакони аз 4 то 16 - сола мебошанд. Масалан, моҳи апрел ҳангоми убур кардани обанборҳо ва ё дар ҷойҳое, ки шиноварӣ манъ аст 4 кӯдаки то синни 12 - сола ғарқ шуд, ки ин вазъ нигаронкунанда мебошад. Асосан, ин ҳолат дар вилоятҳои Суғду Хатлон зиёд рух медиҳад, зеро теъдоди зиёди обанборҳо дар ҳудуди ин ду вилоят ҷойгиранд.
- Ҳамасола ҷиҳати пешгирии ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзеъҳое, ки он ҷо бештари шаҳрвандон ба оббозӣ машғул мешаванд, постгоҳҳо ташкил шудаанд, вале ин роҳи ҳалли масъала нест. Ман ҳамчун корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пешниҳод менамоям, ки назди биноҳои замонавӣ, ки майдончаҳои варзиш сохта мешаванд, хуб мешуд ҳавзҳои шиноварӣ ҷиҳати оббозии кӯдакон ба инобат гирифта шавад. Ба ин васила, бошандагони биноҳои баландошёна тарзи шиновариро ба кӯдакони худ меомӯзонанд, - гуфт Умеда Юсуф, сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дарвоқеъ, сабаби асосии ғарқшавиии кӯдакон беназоратӣ аз ҷониби волидон мебошад. Ботаассуф зикр бояд намуд, ки дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардани бачагон бештари вақт калонсолон айбдоранд, зеро онҳо монеъ намешаванд ва, баръакс, аз худашон рафторҳои ношоямро нишон медиҳанд. Ҳатто, овезаҳоеро, ки аз ҷониби кумита баҳри бехатарии онҳо бо навиштаҷоти «Дар ин ҷо оббозӣ кардан манъ аст» канда мепартоянд.
- Инак соли хониш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом мерасад ва бояд волидон ба фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд. Сабаби асосии ҳолатҳои нохуш, аз қабили ғарқшавию зери мошин мондан ва барои як турӯшак рафтану аз кӯҳ сарозер шудани наврасон, албатта, аз беэътиноии падару модарон сар мезанад. Гарчанде, бештар вақт ба корҳои ношоям даст задани наврасонро айби омӯзгорон медонанд, вале фаромӯш набояд кард, ки кӯдакон ҳамагӣ як чанд соат дар мактабанд. Бояд ҳар падару модар аз рафти хониши фарзандон огоҳ бошад. Онҳо бояд донанд, ки фарзандонашон соати чанд ба мактаб мераванду кай аз дарс озод мешаванд. Вале, мутаассифона, бархе аз волидон ба хотири халалдор накардани оромии хона кӯдаконро аз дар берун мекунанду оқибати корро андеша наменамоянд. Мо – омӯзгорон, дар соатҳои тарбиявӣ пайваста ба хонандагон боэҳтиёт буданро мефаҳмонем. Ҳамеша таъкид менамоем, ки ба назди обанборҳо бе падару модар нараванд. Дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ аст, назик нашаванд. Вале, фаромӯш набояд кард, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон амнияти кӯдакону наврасонро таъмин намуд, - иброз дошт Латофат Мирзоалиева, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
Албатта, рух додани чунин ҳодисаҳо ҳузнангез аст. Вақте ба оби дарёҳо назар мекунем, маҷрои об хеле ором ба чашм мерасад, вале фаромӯш набояд кард, ки онҳо гирдоб доранду касро ба коми худ фурӯ мебаранд. Бахусус, дар дарёҳои Панҷу Вахш, Кофарниҳону Сурхоб оббозӣ қатъиян манъ аст. Мувофиқи маълумот оби дарёҳо аз 17 дараҷа зиёд гарм намешавад. Худ қазоват кунед, ки бадани инсони солим 36 дараҷа ҳарорати гармӣ дорад. Дохили обе шудан, ки ду баробар дараҷааш паст аст, ба рагкашии мушакҳо оварда мерасонад, ки он ҳам боиси ғарқшавӣ мегардад. Дар ҳама ҳолат худ ва кӯдаконро аз ғарқшавӣ ва ҳолатҳои нохуш эҳтиёт намоед!
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.06.2021 №: 116 Мутолиа карданд: 683