иҷтимоиёт
МО ВАТАНДОРЕМ!
“Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале бойгарии асосии он фарзандони бонангу бономус ва бофарҳарнгаш мебошанд”- гуфтаанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳар соҳибватане, ки нисбат ба имрӯзу фардои ватанаш бетараф нест, ҳар тоҷике, ки миллати хешро дӯст медорад ва ҳар падару модаре, ки ояндаи фарзандони худро дар Тоҷикистони озод, обод ва осоиштаю рушдкарда дидан мехоҳад, посдори ин амалҳои созанда, сабақомӯз ва ибратбахш аст. Маҳз ба ҳамин хотир, навиштану сабти ин ҳама дар хотираи таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии миллат зарурат пайдо менамояд.
Миллате ки таърих ва гузаштагони худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони худ мерасад.
Оре, ояндаи орому осоиштаи ватанамон, сарзамини ободу зебо аз ҷавонони соҳибмаърифату донишманд, боодоб, ташаккулёфта, ватандӯст, поквиҷдону бошаъну шараф вобаста аст. Мо - ҷавонони Тоҷикистон узви ҷомеа буда, бо ғаму дарди ин давлат шарикем.
Пеш аз ҳама, мо шукронаи ваҳдату истиқлолияти кишварамонро мекунем, зеро мо дар фазои ободи Ватан озодона зиндагӣ дорем.
Дар ҳамин ҳол, вақтҳои охир мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва камбудиҳои ҷавонон ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ мафкураи ҷавонони моро табоҳ менамоянд, ки баррасӣ намудани онҳо аз аҳамият холӣ нест. Поён рафтани меъёрҳои ахлоқии ҷавонон яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Вақте ки муомилаи ҷавонон пур аз алфози қабеҳ ва суханони дурӯғ мебошад, амалашон нигароникунанда мегардад. Хатари дигаре, ки ба ҷомеа, алалхусус, ба ҷавонон таҳдид месозад, ин густариши фаъолияти ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ мебошад. Хатари таҳдиди онҳо бо ғояи таъсиси хилофати ягона аз байн бурдани режимҳои давлатии мавҷуда, бо даъват ба ҷиҳод ва амалҳои зӯроварӣ алоқаманд мебошад. Барои ҷалби ҷавонон ҷараёнҳои мазкур аз тамоми василаҳо истифода менамоянд.
Ба ақидаи бештари коршиносон, ҷавононе, ки ба ин роҳ равона мегарданд, ақида ва дониши кофии диниву дунявӣ надоранд. Бояд гуфт, ки илму дониш чун чароғи тобонест, ки дар зулмати ҷаҳолат (нодонӣ) дурахшида, роҳнамо ва мададгори инсон дар зиндагӣ мегардад.
Инсон дар ҳама давру замон эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Бояд ҷаҳони маънавии насли наврасро бо ҳадафҳои нек пурра ва мунаввар сохта, онҳоро барои хизмати сазовор ба ҷомеа тарбия намуд.
Хусрав ШЕРХОНЗОДА,
котиби маҷлиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.06.2021 №: 116 Мутолиа карданд: 736