барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо беҳтарин таманниёт Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Муғулистон табрик менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо Муғулистон мебошад. Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона талош варзем.
Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъю кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду давлати ба ҳам дӯсти моро минбаъд ҳам пеш бурда, бо муҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонд.
Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу саодат ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти Президенти кишвар комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.06.2021 №: 118 Мутолиа карданд: 4445