иҷтимоиёт
ГИРОМИДОШТИ ФАРЗОНАФАРЗАНДИ ТОҶИК АЗ ЭРОН ТО ҲИНДУСТОН
Устод Мирзо Турсунзода нисфи умри хешро дар сафар, баҳри пойдории сулҳу осоиш дар ҷаҳон гузаронд. Дар масъалаи тарғиби дӯстӣ ва инъикоси он аз пешқадамтарин адибони на танҳо Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳон буд. Шоир ончунон ба сарнавишти Шарқ робита дошт, ки мавзӯи озодиро дар ин қисмати ҷаҳон дар достонҳои алоҳидааш тасвир кардааст.
Ӯ замони Шӯравӣ аз арбобони ангуштшумори сиёсию давлатие буд, ки дар ИҶШС ва берун аз он нуфузу эътибори баланд дошт. Тоҷикон бо номи ӯ ҳамеша ифтихор мекунанд.
Ин аст, ки дар асоси пешниҳод ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар радифи Ҷашни миллии кишвар - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз таҷлили саду даҳсолагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана идома дорад.
На танҳо дар кишвари мо, балки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия низ чанде пеш ба поси хотири шоир ду барномаи фарҳангӣ гузаронданд. Дар чорабинӣ Имомуддин Сатторов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Михаил Швидкой, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, Павел Кузмин, директори генералии Китобхонаи адабиёти хориҷӣ ширкат варзида, аз хидматҳои мондагори устод Мирзо Турсунзода дар роҳи сулҳ ҳарф заданд. Ҳамзамон, номаи табрикии муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Яриловаро ба ҳозирин қироат намуданд.
Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоир ва тарҷумони маъруфи рус Михаил Синелников дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти ҷаҳон маърӯза хонд.
Ҳамчунин, 20 майи соли ҷорӣ ҳамоиши байналмилалии маҷозии "Сарояндаи сулҳу дӯстӣ" - ро Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон баргузор намуд.
Доктор Абҳай Кумар Сингҳ, устоди Донишгоҳи Роҳилханди Ҳиндустон устод Мирзо Турсунзодаро дӯсти воқеии мардуми Ҳиндустон номид ва нақши беназири ашъори устодро дар ифшои дардҳои иҷтимоии ин сарзамини бостонӣ махсус таъкид кард. Донишманди ҳиндӣ дар ин ҳамоиш аз эҳтироми самимии мардуми огоҳи Ҳиндустон нисбат ба ном ва шахсияти Мирзо Турсунзода сухан гуфта, осори ӯро дар васфи Ҳиндустон бахше аз мероси адабии мардуми Ҳинд хонд.
Осорхонаи миллии Деҳлӣ низ барои гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳоро доир намуд.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бахусус дар шаҳри Самарқанд, маҳфили ширу шакар бо иштироки донишмандону суханшиносон ва сарояндагон гузаронда шуд.
Дӯстону ҳамзамонон, шогирдону алоқамандон ба як овоз тазаккур медоданд, ки устод Мирзо Турсунзода рамзи сулҳу дӯстӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва машъалафрӯзи фарҳангу адаби тоҷикон ва тоҷикистониён дар ҷаҳон аст.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.2021 №: 119 Мутолиа карданд: 615