logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 
БОЗДИД АЗ ДЕҲАИ НАВОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар мавзеи нав, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида ҷудо гардидааст, айни замон корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Дар ин ҷо барои 20 оила хонаи истиқоматӣ, бо назардошти тамоми шароит бунёд ёфта истодааст ва то ба имрӯз, аллакай, қисми бештари он болопӯш карда шуда, сохтмончиён ба рангубор ва ороиши дохили ҳуҷраҳо машғуланд.
Ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 10 садяк замин ҷудо гардида, ҳамчунин, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 - тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 мукааб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас шуданд. Ҳамзамон, бо дастури Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ таъмиру тармими дохили хонаҳои истиқоматӣ сурат гирифта, оилаҳои зарардида бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.
Дар мавзеи нав бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар назар дошта шуда, то ба имрӯз хати алоҳидаи барқ кашида шудааст. Расондани оби нӯшокӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард бомаром идома дошта, дар кӯтоҳтарин фурсат дар ин ҷо барои сокинон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
 Зимни боздид ва суҳбатҳои самимӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳволӣ зарардидагон пурсон шуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагонӣ, пурра барқарор намудани хисороти расондашуда ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз амалӣ хоҳад кард.
Сокинон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои расондани ёрии саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъмин намудан бо хӯрок ва дигар ҷиҳози зарурӣ изҳори миннатдории бепоён намуданд ва иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ  онҳо хуб эҳсос намуданд, ки танҳо нестанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки 15 оилаи дигар аз гирду атрофи мавзеи зарардида, ки мувофиқи омӯзиши гузарондашуда зери хавф қарор дошт, кӯчонда шуда, барои онҳо низ қитъаи замин ҷудо гардид ва  ба пуррагӣ ин оилаҳо бо масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ таъмин шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд гаштани сатҳи оби сойи селпарто дар рӯзҳои 6 ва 7-уми  майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 20 манзили истиқоматии сокинони деҳоти Ифтихор ба пуррагӣ хароб гардид. Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ, хушбахтона, дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.  Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор карда мешавад. Аз рӯзҳои аввал рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошта, барои расондани ёрии саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои қатъӣ дода буданд.
Ҳамчунин, дар натиҷаи офати табиии рухдода дигар иншооти ёрирасон, роҳу пулҳои мошингард, хатҳои барқу обрасонӣ ва заминҳои корам низ осеб диданд.
Бо оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 тонна семент, 300 метри мукааб тахта, 3000 дона бомпӯш ва 60 тонна арматур ба мавзеи бунёдсозии хонаҳои истиқоматӣ расонда шуданд. Ин дастгирии саривақтии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба он боис гардид, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ сари вақт оғоз гардида, бо сифати баланд ва аз рӯи стандартҳои муосири меъморӣ ҷараён ёбад.
Аз ин ҷост, ки, аллакай, корҳои асосии сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ анҷом ёфта, барои фароҳам сохтани шароити мусоиду муносиб рангубори дохиливу берунӣ дар қисми бештари иншоот идома дорад. 
Ҳамчунин, хоҷагиҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ заминҳои корамро аз даст доданд, бо қитъаи замин барои кишт таъмин хоҳанд гашт.
Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди нахустин хонаҳои омодагардидаро ба соҳибонашон супурда, аз дохили ҳуҷраҳо дидан намуданд.
Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ дохили онҳо оро ёфтааст. Ҳамчунин, оилаҳое, ки дар ин рӯз сохтмони хонаҳои истиқоматиашон анҷом ёфтааст, бо тамоми ҷиҳоз, аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин, чангкашак, ҷевон, кӯрпаву кӯрпача, то ба хурдтарин ҷиҳози рӯзгор таъмин гардиданд. Тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ, сохтмон ва таъмиру муҷаҳҳазсозии 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар боқимонда қисми бештари корҳо ба охир расонда шуданд ва дар кӯтоҳтарин фурсат бо анҷоми корҳои боқимонда калиди хонаҳои дигар ба дасти соҳибонашон супурда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва сохторҳои дахлдор дастурҳои қатъӣ доданд, то ҳарчи зудтар сохтмони манзилҳои боқимондаи истиқоматиро бо сифати баланд анҷом дода, барои аҳолии зарардида тамоми шароиту имкониятро баҳри зиндагӣ фароҳам оранд. То анҷоми кор дар хаймаҳои муваққатӣ онҳоро бо тамоми имконоти зарурӣ, аз қабили  рахти хобу сарулибос ва хӯрок ба пуррагӣ таъмин созанд ва аз аҳволи онҳо пайваста бохабар бошанд.
 
МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДАИ ДЕҲАИ НАВОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расондани кумакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчи зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона, то ба имрӯз, аллакай, қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидаанд, сомон ёфтаанд.
Зикр шуд, ки зарари расондаи офати табиӣ ба пуррагӣ барқарор гардида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад ва хонаҳои истиқоматӣ бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид доштанд, ки дар баробари сохтмони 20 манзили истиқоматӣ дар мавзеи навбунёд, ҳамчунин, дигар имконоту инфрасохтор ба пуррагӣ бунёд хоҳанд гашт. Аз ҷумла, хати барқу об, роҳи нақлиётгарду пиёдараҳ ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир сохта ба истифода дода мешаванд. 
Таъкид гардид, ки рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеи нав зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тамоми чораҳо андешида мешаванд, то ҳарчи зудтар оилаҳои боқимонда ба хонаҳои нави худ дароянд.
Роҳбари давлат ба масъулони сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки  ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд. Ҳамчунин, корҳои сохтмонии манзилҳои 15 оилаи дигарро, ки дар минтақаи хавфнок қарор доранд, тезонда, онҳоро низ ба мавзеи нав кӯчонанд.
Зимни баромади худ сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ташриф ба ин мавзеъ ва шахсан бохабар гардиданашон аз аҳволи зарардидагон, дастгирии моддию маънавии мардум изҳори миннатдорӣ карданд.
Таъкид доштанд, ки аз рӯзҳои аввали ҳодиса онҳо зери ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, бо расондани кумакҳои пайдарпай, бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар лавозимот таъмин гаштанд.
Сокинон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории падарона миннатдории бепоёни худро иброз доштанд ва ваъда доданд, ки бо меҳнати худ оянда ин мавзеи навбунёдро ба яке аз маконҳои сарсабзу хуррам табдил хоҳанд дод. 
 
ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ЗАРАРДИДАГОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.
Ҳадафи сафари Сарвари давлат ба ноҳияи Вахш шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳия мебошад.
Боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” оғоз шуд. Сарвари давлат аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуда, бо сокинон суҳбату мулоқоти озоду самимӣ анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боришоти боронҳои бошиддати пайдарпай ва омадани сел, ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат”, хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳи автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардиданд. Мутаассифона, ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расондаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни мулоқоту суҳбат бо мардуми зарардида Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолӣ даъват намуданд, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд ва онҳоро бовар кунонданд, ки то моҳи сентябри соли равон тамоми хонаҳои вайроншуда пурра барқарор карда мешаванд. Ҳамчунин, вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута, ки дар барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдида ва бартараф намудани офати табиӣ масъул шудаанд, муваззаф гардиданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҳар ҳафта ба Роҳбари давлат аз натиҷаи он ҳисобот пешниҳод намоянд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва азнавсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор доранд. 
Аз ин амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии кишвар, мардуми зарардидаи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон”, “Ваҳдат” ва “Машъал” - и ноҳияи Вахш изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расондани кумакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
 
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ВА МАКТАБ - ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ  ЯТИМ ВА БЕПАРАСТОРОНИ НОҲИЯИ ВАХШ
15 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ба бунёди ду мактаби нави таълимӣ - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб - интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи Мирзо Сатторов санги асос гузоштанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нави таълимӣ иттилоъ доданд, ки муассиса бо риояи талаботи замони муосир бунёд мегардад ва аз як ошёна, ҳуҷраҳои фаннию лабораторӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гаштааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо бунёди муассисаи мазкур мушкилоти бошандагони атрофи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҳал гардида, дар рушди соҳаи маорифи ноҳия замина мегузорад.
Ба иттилои масъулон, баъди ба истифода додани бинои нави таълимӣ, мушкилоти набудани мактаб ва ё дур будани он аз назди хонаҳои шаҳрвандон ба пуррагӣ ҳал гашта, ба ин васила сатҳу сифати таълиму тарбия низ хубтару беҳтар хоҳад гардид.   
Дар муаррифии бинои мактаб - интернати кӯдакони ятим ва бепарасторон бошад, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бино бо назардошти талаботи ҷаҳонӣ бунёд шуда, дорои як хобгоҳ барои 480 нафар, маркази саломатӣ бо 6 ҳуҷра, ошхона барои 480 кас ва меҳмонхона барои пайвандону наздикони хонандагон мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёну масъулон дастур доданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро ҷиддӣ назорат карда, корҳо бо сифат ва бо риояи талаботи меъморӣ иҷро гарданд.
Иншооти мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Эҳёи Сомониён” бунёд гардида, то соли 2023 пурра сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Иқдоми сохтмони муассисаи таълимӣ ва мактаб - интернати бепарасторон дар деҳоти ноҳияи Вахш бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити хуби таълим роҳандозӣ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар ноҳия давоми се соли охир якчанд мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ба ин васила шароиту имконоти таълим низ беҳтару хубтар гардид.
Аз ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат маорифчиёни ноҳияи Вахш рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ваъда доданд, ки сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон саҳми муносиб мегузоранд. 
 
ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДАИ ДЕҲАИ ИТТИФОҚИ  ДЕҲОТИ “20 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН”
15 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рӯзи 11 май ба вуқӯомада, дар деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқоти озоду самимӣ доир карданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони ин фоҷиаи табиӣ, таъкид намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ин фалокат ҳамеша даст ба кор буда, пайваста аз аҳволи оилаҳои зарардида огоҳ аст ва рафти корҳои ободонию созандагӣ ва барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинон зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.   
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастур доданд, ки барои ҳарчи зудтар барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, ҷӯйҳо, сарбандҳои рахнашуда ва дигар иншооти ифрасохторӣ тамоми қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо сафарбар намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида, корҳои сохтмонии боқимондаро ба итмом расонанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба чанд нафар сокинони деҳаи Иттифоқ, ки манзилҳои истиқоматиашон пурра омода гардидаанд, калиди хонаҳоро тақдим намуданд.
Хонаҳои бунёдгардида 3 ва 4 - ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити зиндагӣ таъмин мебошанд.
Дар навбати худ сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш аз ғамхорӣ ва ёриву дастгириҳои хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, бо шукргузорӣ иброз доштанд, ки имрӯз дар чунин давлати орому соҳибихтиёр зиндагӣ мекунанд ва пайваста зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд.
Бо назардошти ин, аҳолии деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” дар назди Сарвари давлат ваъда доданд, ки дар ободӣ ва пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.
Таъкид бояд кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорат ва роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт комиссияи махсуси давлатӣ фаъолият мебарад.
Баъди мулоқоти самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Вахш дидан карда, бо фаъолият ва дастовардҳои имрӯзаи кишоварзон шинос шуданд.
Зимни боздид аз ин гӯша ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки новобаста аз зиёни ба боровардаи офати табиии рӯзи 11 май, заҳматкашони ноҳияи Вахш бо масъулияти баланд ва иродаи қавӣ нисбат ба замину заминдорӣ камари ҳиммат баста, дар майдони 16 ҳазору 740 гектар, аз ҷумла 930 гектар сабзавот, 286 гектар картошка, 1000 гектар полизӣ ва 950 гектар чигит кишт намуданд. Аллакай, дар қисме ҳосили якум бардошта шуда, дар майдони 1800 гектар кишти такрорӣ, аз ҷумла дар 100 гектар чигит кишт шудааст, ки ҳоло рустаниҳо нашъунамои хуб доранд.
Кишоварзони ноҳияи Вахш ҳамасола бо ба даст овардани ҳосили хуби маҳсулоти ватании кишоварзӣ дар таъмини бозори дохилӣ нақши арзанда доранд. Имсол хоҷагидорон аз гузашта дида, майдони кишти зироатҳоро васеъ намуда, меваю сабзавотро дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи бадастовардаи заҳматкашони ноҳия ва дастгирии муроҷиати Президенти мамлакат доир ба истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани майдони зироатҳо ва барқарор кардани боғу токзор аз ҳисоби боғоти куҳна дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар навбати худ аҳли заҳмати ноҳияи Вахш ваъда доданд, ки ҳидоятҳои Президенти кишварро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, бо кӯшишу талош ва меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд. 
 
ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва боздид аз ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Сарвари давлат бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотиҳаи нек карданд.
 
БОЗДИД АЗ РОҲИ МОШИНГАРДИ ЗАРАРДИДА ВА ШИНОСОӢ  БО КОРҲОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР КАНАЛИ ДЕВОНАСОЙ
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз мавзеъҳои бар асари сел зарардида боздид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки оби каналҳои Шӯраксой бо дарозии 6251 метр, Девонасой бо дарозии 6700 метр ва Тебалай бо дарозии 18 700 метр аз ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва қисми болоии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ гардида, ба пуррагӣ аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр мегузарад. Оби каналҳои зикргардида ба дарёчаи Кӯлоб ворид шуда, дар ноҳияи Восеъ бо дарёи Ёхсу якҷоя мешавад. Манбаи асосии оби каналҳои зикршуда барф ва боронҳои мавсимии пуршиддати баҳорон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли равон бинобар боридани зиёди борону жола сел ба вуҷуд омад ва дар натиҷаи офати табиӣ дар кӯча, маҳалла ва деҳоти шаҳр, ҳамагӣ ба 145 хона, аз ин шумора 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ расид. Инчунин, 10 пул, 4 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқ, 7 зеристгоҳи барқӣ, 13 километр хатҳои обёрии каналҳо, 5 агрегати барқӣ, 128 садяк замини кишти зироат, 128 сар ҳайвони хурду калон зарар дид. Маблағи умумии хисороти расида 45,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
То ба имрӯз бо ҷалби техникаҳои зарурӣ дар маҳаллаҳои Хати Роҳ, Даминзода ва маҳаллаи Нонбойи Поён, ки аз офатҳои табиӣ бештар зарар дида буданд, корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани селобаҳо ва дар умум ба миқдори 5 ҳазор метри мукааб гилу селобаҳо бароварда шуданд.
Дар маҳаллаи Фирдавсӣ як адад лӯла бо дарозии 14 метр барқарор гашта, дар 182- километрии роҳи Душанбе - Кӯлоб корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Айни ҳол дар маҳали якҷояшавии каналҳои Девонасой ва Шӯраксой бо дарозии 1350 метр корҳои заминӣ, оҳану бетонӣ ва барқарорсозии иншооти пасткунандаи суръати об ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарон дастуру ҳидоятҳо доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2021    №: 120    Мутолиа карданд: 2658
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед