барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли самимият шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид табрик менамоям.
Мутмаинам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбиву ҳирфаии Шумо минбаъд ҳам ба баланд бардоштани мақому манзалати Созмони Милали Муттаҳид, такмили минбаъдаи абзорҳои фаъолияти он, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин, татбиқи Ҳадафҳои рушди умум хидмат хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи самарабахши ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он дар ҳамаи арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи умум ба манзури расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои Созмони Милали Муттаҳид таъкид намоям.
Ба Шумо саломатии комилу саодатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар пешбурди минбаъдаи ваколатҳои пурмасъулиятатон муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2021 №: 123 Мутолиа карданд: 4416