иҷтимоиёт
Озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият». ТАНТАНАИ ҲАМДИЛИВУ ДӮСТӢ
Маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба хотири гиромидошти 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шаҳринав бо гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи шоири шаҳир – вассофи сулҳу ваҳдат Мирзо Турсунзода оғоз гардид.
Зимни суханрониҳои худ раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо самимият ва меҳру муҳаббат аз хидматҳои мондагори устоди каломи бадеъ, ки тӯли ҳаёти пурбаракаташ дар осораш дӯстиву рафоқатро сутудааст, ёдовар шуданд. Баъдан, чорабинӣ бо барномаи рангини консертӣ аз ашъори шоири зиндаёд идома ёфт.
Бегоҳии ҳамон рӯз, пас аз боздиди меҳмонон аз қалъаи таърихии Ҳисори Шодмон, дар мавзеи сабзу хуррами “Шаршара” бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, адибони шинохтаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” базми шеъру суруд барпо шуд.
Ниҳоят, субҳи 19 июн бо иштироки меҳмонон ва ҳаводорони шеъри ноби порсӣ дар кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода озмун бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гашт. Тавре таъкид рафт, дар он на танҳо чеҳраҳои маъруфи кишвар, балки муҳаққиқон, публитсистон ва рӯзноманигорони шинохтаи мамлакатҳои дӯст – Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон ширкат варзиданд, ки бори дигар маҳбуби оламиён будани шахсияти бузурге чун Мирзо Турсунзодаро собит месозад.
Сипас, аз ҷониби созмондеҳони озмун ғолибону ҷоизадорон эълон гаштанд. Барои эҷоди силсиламақолаҳои бунёдӣ мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён бо шоҳҷоиза мушарраф гардид. Пажӯҳишгар ва журналисти шинохта Раҷабалӣ Қудратзода мақоми аввалро ба даст овард. Ҷои дувумро устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод ва хабарнигори рӯзномаи “Минбари халқ” Ҷумъахон Темурзода гирифтанд. Амина Шарофиддинова аз шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ва муҳаққиқи Афғонистон Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар сазовори ҷои сеюм шуданд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, шоира Шаҳрияи Аҳтамзод ва доктори илм Ҳабибулло Раҷабов бо ҷоизаҳои махсуси муассисон қадр гаштанд.
Ҳамзамон, ташкилкунандагон ба 12 иштирокдори фаъол ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Лоиқи зикр аст, ки ҳар озмуни яке аз нашрияҳои бонуфузи мамлакат – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳадафҳои баланди милливу маънавиро пайгирӣ мекунанд ва тамоми мавзӯъҳои дар онҳо бардошташуда пажӯҳишҳои тозаву нави илмиву адабиро ба миён оварда, дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми бориз мегузоранд.
Ҳоло боз ду озмуни нашрия: яке ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозтоби хидматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҷараён доранд, ки, бешубҳа, онҳо низ самараи нек ба бор меоранд.
АМИТ "Ховар"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.06.2021 №: 124 Мутолиа карданд: 1158