иҷтимоиёт
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ
Ёд дорам, солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта, духтури маълумоти олидор дар ду – се деҳаи дурдаст буду халос. Мардум ба табиб эҳтиёҷ доштанд. Бибиам Ҳаитбӣ ном дошта, кампири миёнақади нуронии босалобат аз ҳар хел гиёҳҳо дору тайёр мекарду дардмандонро, махсусан кӯдаконро табобат менамуданд. Он солҳо гумон мекардам, ки бибиам духтури кӯдакон аст. Сокинони деҳаҳои Айвоҷ ва Лӯбиёкори ноҳияи Шаҳритус (мардуми ин деҳа ӯзбекҳо буданд) кӯдакони маризашонро ба назди бибиам меоварданд. Ҳис мекардам, ки меҳру муҳаббати онҳо нисбат ба бибиам ниҳоят баланд буд. Бо муҳаббат ва садоқат “момои табибам” мегуфтанд. Онҳо мехостанд, ки ҳамин рафтуомад, дӯстию рафоқат дар оянда абадӣ бошад, бинобар ин, фарзандонашонро бо мо дӯсту рафиқ менамуданд. Дӯстони ҳамондавраинаи ман аз деҳаи Лӯбиёкор Алламурод, Имом, шодравон Қурбон, Эшқул, Ҷумъа, шодравон Холдор, Эргаш, Менқобил буданд, ки дар шодию ғам паҳлуи ҳам будем. Камина директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 9 - и деҳаи Айвоҷ будам ва баъдтар раиси Совети қишлоқи (Ҷамоати деҳоти) ба номи Ҷӯра Назаров таъйин шудам. Ҳамин тариқ, солҳои тӯлонӣ вазифаи раиси ҷамоатро ба уҳда доштам. Идораи ҷамоати деҳот дар деҳаи Лӯбиёкор ҷойгир буда, мардуми ин деҳа “набераи момои табибамон” (“табибмомомнинг набераси”) гуфта, эҳтиромам мекарданд. Дар ҳудуди деҳот деҳаҳои Айвоҷ, Ӯтанобод, Лӯбиёкор, Тоҷикобод, Хӯшодӣ, Ҷамъиятдеҳқон дохил буда, аҳолии деҳаи Лӯбиёкор ва як қисми аҳолии деҳаи Хӯшодӣ мардуми ӯзбекзабон (қабилаҳои қунғурот, дӯрман ва ҷашқоқҳо) ташкил медоданд. Чун раиси деҳот дар маъракаҳои мардум иштирок мекардам, мушоҳида менамудам, ки урфу одат, расму оини мардуми тоҷику ӯзбек аз ҳамдигар тафовут надоштанд. Риштаи дӯстӣ дар байни одамон ба дараҷае мустаҳкам буд, ки дар ҳамаи маъракаҳо паҳлуи ҳамдигар меистоданд. Ҳамфикру ҳамақида будани ин ду халқро дида, беихтиёр мисраъҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба ёд меовардам:
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Ҳангоми мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус кор карданам бошад, соли 2006 хонандаи синфи 11 - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 - и ноҳия Нафиса Тошбоева дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони ӯзбекӣ ҷойи дуюмро гирифт ва соҳиби медали нуқра шуд. Ҳамин тариқ, дар озмуну олимпиадаҳо хонандагони ӯзбекзабон баробари хонандагони тоҷик ҷаҳду талош намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегаштанд.
Тазаккур бояд дод, ки дар ноҳияи Шаҳритус қисман муассисаҳои таълимӣ ба забони ӯзбекӣ фаъолият менамоянд. Ба ин хотир, нависандаи номдори ӯзбекзабон устод Сулаймон Эрматов рӯзномаю маҷаллаҳои “Устоз”, “Уқувчилар газетаси” ва “Сирдош”- ро таъсис дода, пешкаши хонандагону омӯзгорон менамуд, ки ҳамчун маводи иловагии таълимӣ низ истифода мешуданд.
Ғайр аз ин, ба нашри дуюми китоби дарсии “Алифбо”-и ӯзбекӣ, ки яке аз муаллифони он С. Эрматов мебошад, бо пешниҳоди камина луғати тоҷикӣ – ӯзбекӣ ворид намуданд.
Ҳамин тариқ, фикр мекунам, ки дар дарозои таърих халқи тоҷику ӯзбек бо ҳам дӯст буданд. Дар ин бобат мисраъҳои зерини Шайх Саъдиро ба хотир меоварам:
Дило, ёрон се навъанд, ар ту донӣ,
Забонианду нонианду ҷонӣ.
Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш,
Навозиш кун ба ёрони забонӣ.
Валекин ёри ҷониро нигаҳ дор,
Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, гар метавонӣ.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дӯстии ин ду миллат боз ҳам мустаҳкамтар гардид. Онҳо гӯё як миллатеанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд.
Тӯйчӣ МИРОВ,
Суннатуллоҳи ДАВЛАТЗОДА,
адабиётшиносон,
Муҳаммадраҳим ТОШПӮЛОДОВ,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.06.2021 №: 124 Мутолиа карданд: 628