иҷтимоиёт
АЗ ҚАЗИЯИ БЕЛАРУС ТО ДАЪВАТИ ГИРДИҲАМОӢ
Моҷарои байналмилалӣ атрофи фуруди иҷбории ҳавопаймои мусофирбарии ширкати ирландии «Ryanair» дар фурудгоҳи Минск ва боздошти рӯзноманигори мухолиф Роман Протасевич аз ҷониби мақомоти қудратии Беларус сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Дар пайи ин, аксар мақомдорони кишварҳои аврупоӣ ҳукумати Беларусро ба роҳзаниву терроризм муттаҳам менамоянд.
Ҳоло Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои навро алайҳи шаҳрвандон ва ширкатҳои тиҷоратии Беларус ҷорӣ мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад ба иқтисодиёти кишвар зарба занад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди Аврупо пас аз Русия дувумин шарики тиҷоративу иқтисодии Беларус ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нияти ҷорӣ намудани таҳримоти нав алайҳи корхонаҳои давлатии Беларусро дар сар дорад. Мухолифини Ҳукумати Беларус ин «шонс»-ро бамаврид истифода намуда истодаанд.
ҚАЗИЯ АЗ КУҶО ОҒОЗ ШУД?
23 майи соли равон ҳавопаймои Boeing «737-8AS»-и ширкати ирландии «Ryanair» парвози байналмилалиро дар масири Афина – Вилнюс анҷом медод. Аммо, пас аз се дақиқаи ворид шудан ба фазои ҳавоии Беларус, танзимгари маҳаллӣ бо истинод ба хадамоти махсуси кишвар паём дод, ки дар ҳавопаймо мина гузошта шудааст. Баъдан, мақомоти қудратии Беларус ҳавопайморо иҷборан фуруд оваранд. Дар фурудгоҳи Минск гурӯҳи кории Кумитаи давлатии амнияти Беларус яке аз мухолифони ҳукумати феълии кишвар Роман Протасевич ва шаҳрванди Русия София Сопегаро боздошт намуд.
ТАҲРИМ. УКРАИНА ДАР КАНОР НАХОҲАД БУД
Дар асоси изҳороти мансабдорони аврупоӣ, Иттиҳоди Аврупо алайҳи саноати кимиёи Беларус таҳримот омода мекунад. Аз даст додани дастрасӣ ба бандари Клайпеда дар Литва, ки тавассути он корхонаи "Беларускалий" 90 дарсади нуриҳои калийдорро содир мекунад, боиси аз фаъолият бозмондани ин корхона мегардад. Таҳримҳо, инчунин, ба корхонаи нуриҳои нитрогенистеҳсолкунандаи «Гродно Азот» таъсир мерасонанд. Дар зимн, соли гузашта содироти ин маҳсулот ба ИА 22,7 дарсад афзоиш ёфт. Аз ҷумла, Фаронса харидори асосии нуриҳои азотии Беларус дониста мешавад.
Дар баробари ин, ҳарчанд дар минтақаи Карпат захираҳои калони нуриҳои калийдор мавҷуданд, бо сабаби он ки азхудкунии конҳо аз ҷиҳати экологӣ хатарнок асту хароҷоти зиёдро талаб мекунад, Украина 73,5 дарсади ин ашёро аз Беларус мехарад. Агар Украина дар ҷорӣ намудани таҳримҳо ширкат варзад, маҷбур мешавад, ки нуриҳои калийдорро аз Олмону Полша ва Ӯзбекистон харад. Албатта, бо нархи гаронтар.
Истисно нест, ки маҳсулоти саноати мошинсозии Беларус низ объекти таҳримот қарор хоҳад гирад. Агар Украина бозори маҳсулоти мошинсозии Беларусро бандад ё боҷи воридотиро зиёд кунад, на танҳо истеҳсолкунандагон, балки ширкатҳои украинӣ низ зарар мебинанд.
«BLOOMBERG» ҶУЗЪИЁТИ ТАҲРИМҲОИ НАВИ ИА АЛАЙҲИ БЕЛАРУСРО ОМӮХТ
Иттиҳоди Аврупо дар доираи бастаи чоруми таҳримот алайҳи Беларус пешниҳод мекунад, ки нисбат ба 71 нафар ва ҳафт ширкат маҳдудият ҷорӣ шавад, - омадааст дар хабари агентии иттилоотии «Bloomberg». Бастаи нав низ ба қазияи дар боло зикршуда рабт дорад.
Тибқи иттилои агентӣ, нисбат ба судя ва прокурорҳое, ки дар ҳукми эътирозгарон, вакилон, намояндагони ҳукумат ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, роҳбарони корхонаҳо ширкат кардаанд, таҳримот ҷорӣ мегардад.
10 июн Парлумони Аврупо қатъномае қабул кард, ки дар он афзоиши таҳримот ба Минскро талаб мекунад. Парлумон пешниҳод кардааст, ки ба саноати нафт, пӯлод, калий ва коркарди чӯб таҳрим ҷорӣ шуда, маблағгузории бонкҳои давлатии Беларус қатъ шаванд.
РОССИЯ БЕЛАРУСРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРАД
Агар Парлумони Аврупо дар бораи эълони таҳримҳои нав алайҳи ин кишвар тасмим гирад, Россия Беларусро танҳо намегузорад. Дар ин бора рӯзи 10 июн сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Беларус Евгений Лукянов хабар дод.
«Сохтори иқтисодиёти Беларус ба содирот нигаронда шудааст. Маҳз барои ҳамин, таҳримҳо барои вайрон кардани қисми мушаххаси фаъолияти содиротӣ ва, ба ин васила, ба ташаккули буҷети он зарба задан нигаронда шудаанд», - гуфтааст Лукянов дар як нишасти хабарӣ.
Сафир қайд кард, ки Русия омода аст молҳои Беларусро ба бозори худ ворид созад.
«БОМБАИ АТОМӢ» ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ
Дар ҳамин ҳол мусоҳибаи Роман Протасевич бо шабакаи телевизионии Беларус қазияро боз ба буҳрони навбатӣ кашид. Сар аз коршиносон то мақомдорону ҳукуматдорони Иттиҳоди Аврупо ин гуна рафтори Ҳукумати Беларусро маҳкум намуда, онро «сохташуда» -ву «маҷбурӣ» ва «бозпурсии зери шиканҷа» унвон карданд.
То кадом андоза ин мусоҳиба ҳақиқӣ буд, бигзор созмонҳову коршиносон баҳо диҳанд. Аммо барои ин ҷониб як нукта мароқовар аст. Роман ҳангоми суҳбат гуфт: «Мухолифони ҳукумати Александр Лукашенко ба ман доим мегуфтанд, ки пайваста мардумро ба гирдиҳамоиву тазоҳурот даъват кунед. Агар мардум ба майдон набароянд, нисбат ба Беларус таҳримот ҷорӣ намегардад. Иқтисодиёт, ки заиф нагашт, ҳукумати феълӣ мавқеи худро нигоҳ медорад».
Яъне, мухолифини Беларус ба хотири мансаб мехостанд иқтисодиёти кишварро дучори буҳрон намоянд. Дар сурати фалаҷ шудани иқтисодиёт зарарро кӣ мебинад? Ҷомеа! Ва ин ба онҳо ҳеҷ аҳамияте надорад.
Бароям ин нукта рӯшан шуд: мухолифони фурӯхташудаи кишвари мо низ, ки барояшон на пешрафти ҷомеа муҳим асту на устувории давлат, аз рӯи ҳамин «формула»-и ба доираҳои худашон маълум кор карда, мехоҳанд бо ҳар роҳе ба қудрат расанд. Аммо, чи хаёли хоме!...
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.06.2021 №: 124 Мутолиа карданд: 676