сиёсат
ДАНҒАРА. РУШДИ НОҲИЯ АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ АСТ
Имсол мардуми шарафманди тоҷик 24 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 27 июни соли 1997 бо талошҳои бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллат дар шаҳри Москва Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Воқеан, ваҳдати миллӣ барои миллати мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватан гашта, ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид.
Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Данғара ҳамасола ин ҷашни бошукӯҳро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Бунёди иншооти таъйиноташон гуногун, таъсиси корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ, сохтмони муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ, ба ин васила муҳайё гардидани садҳо ҷойи нави корӣ барои эҳтиёҷмандон аз пешравию шукуфоии ноҳия дар солҳои охир шаҳодат медиҳанд. Раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия бо ибтикори роҳбарияти олии мамлакат ва бо талошу кӯшишҳои раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин амалӣ гашта истодаанд.
Муҷиби ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара (16 – 17 июн) ташриф оварданд. Сарвари давлат як қатор иншооти таъйиноташ гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 59, 25, муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб», муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ», корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Файзи Алӣ», коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавот, майдони Парчами давлатӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ», биноҳои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зист, маркази таъминот ва ташхиси бехатарии кумитаи озуқаворӣ, беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, хати оби нӯшокии деҳоти Боғпарвар ва обанбори оби нӯшокии "Офтобрӯя" ба истифода доданд. Инчунин, маъракаи ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии «Абдулло», кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон дидан карданд.
Баракати сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ буд, ки соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия рушд ёфтанд. Махсусан, дар соҳаи кишоварзӣ, ки иқлими ноҳия ба он мусоидат мекунад, ислоҳоти соҳа, таҷдиди хоҷагиҳо, ҷорӣ намудани шакли наву замонавии хоҷагидорӣ вусъат пайдо кард. Ҳамин аст, ки ҳар сол ба хориҷи кишвар ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногуни аз ҷиҳати экологӣ тоза содирот мешавад.
Мо – мардуми сарбаланди ноҳияи Данғара, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстии халқу миллатҳои кишвар рушди иқтисодиёт ва ободиву тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузошта, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ нақши худро мегузорем.
Ҷамшед ШАРИФЗОДА,
муовини аввали раиси ноҳияи Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.2021 №: 125 Мутолиа карданд: 1260