иҷтимоиёт
КӮЛОБ. АЗ БЕТАВАҶҶУҲИИ МАСЪУЛОН «КӮЛИ ҶАВОНОН» БА ЧАРОГОҲ МУБАДДАЛ ГАШТААСТ
Маҷмааи фарҳангӣ ва фароғатии «Кӯли ҷавонон» соли 2012 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосир таъмир гашта, баҳри истироҳати сокинон бо заврақҳо низ таъмин гардид. Мутаассифона, айни ҳол кӯл ба харобазор ва чарогоҳи чорво табдил ёфтааст. На аз заврақҳо нишон асту на аз дигар корҳои ободонӣ.
Барои барқарорсозии ин маҷмааи фароғатӣ аз буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 445 ҳазору 974 сомонӣ масраф шуда буд. Тибқи маълумоти дастрасгардида, фармоишгари он раёсати сохтмони асосии шаҳри Кӯлоб ва паймонкор ҶДММ «Султон» мебошанд. Баъди анҷоми ободонии «Кӯли ҷавонон» онро ба тавозуни Корхонаи фаръии давлатии «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳр гузаронданд, вале аз хунукназарии кормандони корхона, кӯл ҳоли ногувор дорад. Ҳоло «Кӯли ҷавонон» дар мувозинати мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб мебошад.
Баҳром Рустамов, директори мактаби варзишӣ, дар ин бора чунин гуфт:
- Тӯли чанд сол аст, ки «Кӯли ҷавонон» дар тавозуни мактаби мост. Дар маҷмаа ду ҳавзи шиноварӣ буда, барои нигоҳдории онҳо маблағ ҷудо нашудааст. Ҳавзи хурд-ро бо харҷи 40 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ бо панҷара маҳкам кардем. Агар кӯли асосиро об пур кунем, хавфи рахна шуданаш аз эҳтимол дур нест.
Тибқи иттилои Б. Рустамов дар шаҳр чор ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки 3-тояш хусусист.
Масъулон мегӯянд, ки ҳоло сохтмони кӯл нотамом монда, маълум нест, ки давраи дувуми корҳои ободонӣ кай оғоз мегардад. Аз идораи сохтмони шаҳр иттилоъ доданд, ки барои идомаи таъмири кӯл, то кунун маблағ пешбинӣ нашудааст.
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.2021 №: 125 Мутолиа карданд: 1507