logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

23 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.
 
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни устувори рушди онҳоро дар сиғаи шарикии стратегӣ зикр карданд ва аз натиҷаҳои музокироти начандон пешинаи сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон доир гардиданд, изҳори қаноатмандии амиқ намуданд. Дар ин қарина ҷонибҳо аҳамияти татбиқи ҳадафмандонаи мувофиқаҳои дар рафти ин сафар бадастомадаро, ки самтҳои калидии ҳамкориҳои ду кишварро фаро мегиранд, таъкид карданд. 
Дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ қарор доштанд. Президентҳо ҷиҳати вазъи ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он ба вуқӯъ пайвастааст ва саросари онҳо хати сарҳади давлатии ду кишвар бо Афғонистонро мегузарад, баррасӣ намуда, вазъиятро дар хати сарҳад бо ин кишвар хело ҳам шиддатнок арзёбӣ карданд. Сарварони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сари он ақида омаданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд. Дар зимн, омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамоҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид шуд. 
Дар рафти суҳбат, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
 
23 июн суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим – Жомарт Токаев баргузор гардид.
 
Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат оид ба натиҷаҳои сафари расмии ба наздикӣ анҷомдодаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон, мубодилаи афкор намуданд ва ба тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Душанбе дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, баҳои баланд доданд. Дар ин қарина Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти мазкур ба рушди бемайлони шарикии стратегии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Президентҳо, инчунин, вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистони ҳамсояро мавриди муҳокима қарор доданд. Муҳимияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ зикр гардид.
Ҷонибҳо бо нигаронӣ оид ба шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии ин кишвар, ки ба афзоиши ташаннуҷ боис гардида, ба ҳолати умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад, ибрози андеша намуданд.
Дар ин робита аҳамияти идомаи ҳамоҳангии зичи хадамоти дахлдор ва идораҳои соҳавии ду кишвар чи дар асоси дуҷониба ва чи дар сатҳи бисёрҷониба зикр гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, инчунин, роҷеъ ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Қазоқистон ва баъзе масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2021    №: 126    Мутолиа карданд: 600
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед