сиёсат
СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ АМНИЯТРО ПУРЗӮР ВА ТАҲДИДҲОРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
Котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе вобаста ба таъмини амният ва субот дар ҳавзаи созмон мубодилаи афкор намуданд.
Ин вохӯрии 16 – уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ буд, ки 23 июн таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар он котибони шӯроҳои амният ва ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон ба таври ҳузурӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ иштирок карданд.
Ҳамоиш бо мизбонии кишвари мо дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифта, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва такмили механизмҳои ҳамгироии давлатҳои узви созмон дар самти муқовимат бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбати дабирони шӯроҳои амният буданд. Дар ҳамин ҳол, иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ таваҷҷуҳи махусус зоҳир намуда, дар ин робита таклифу пешниҳод ва андешаҳои судманд баён доштанд.
Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷаласаи котибонро роҳбарӣ мекард, баъд аз анҷоми вохӯрӣ дар ҳузури хабарнигорон натиҷаҳои ин ҷаласаро дар амри рушди ҳамкориҳои минбаъдаи амниятӣ муҳиму судманд арзёбӣ кард.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороташ зикр намуд, ки котибони шӯроҳои амният ва ҳайатҳои расмии кишварҳои узв ба ҷараёни раёсати кишвари мо дар СҲШ ва иқдомҳои амалишуда дар самти таҳкими амнияту суботи минтақавӣ баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, рафти омодагиҳо ба ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (саммити ҷашнӣ), ки 16 - 17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тавсиф шуд.
Тибқи иттилои Насрулло Маҳмудзода, дар ҷараёни вохӯрӣ рафти таҳияи ҳуҷҷатҳо дар соҳаи амният, ки барои баррасӣ ва тасдиқ ба ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳо пешниҳод мегарданд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол аз таъсиси СҲШ 20 сол пур мешавад ва ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои узв моҳи сентябр таҳти раисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
суратгир Комрон САФАРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.06.2021 №: 126 Мутолиа карданд: 642