иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Муҳаққиқи барҷаста, олими табиатшинос, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аълочии маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, дорандаи медалҳои «60 - солагии муҳорибаи Москва», «Садсолагии маршал Жуков» Саймуддин Насриддинзода муаллифи зиёда аз 60 мақолаю дастурҳои илмию методӣ аз фанни табиатшиносӣ ва биологияи умумӣ мебошад.
Соли 2020 Саймуддин Насриддинзода дар конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Роҳҳои истифодаи самараноки захираҳои об ва гидроэнергетикӣ чун сарвати бебаҳо” баромад намуда, дар хусуси самаранок иҷро намудани ташаббуси ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар солҳои 2018 - 2028 пешниҳодоти мушаххас ба миён гузошт, ки мавриди таваҷҷуҳи олимон қарор гирифтанд. Олимони соҳаи обу экологияи кишварҳои дигар, ки дар конфронс ҳузур доштанд, ба маърӯзаи донишвари тоҷик мароқ зоҳир сохта, андешаҳои пурмағзи ӯро дар роҳи сарфакорона истифода бурдани захираҳои оби тозаи нӯшиданӣ пурманфиат дониста, татбиқи амалии онро кори муҳим арзёбӣ намуданд.
Айёми наврасии Саймуддин Насриддинзода дар рустои Дуобаи мавзеи зебоманзари Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод паси сар гардида, факултаи табиатшиносии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷандро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Аз соли 1973 корро аз муаллимӣ сар карда, зиёда аз 50 сол дар вазифаҳои давлативу ҷамъиятӣ, мудири шуъбаи кадрҳо ва муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва сардори раёсати хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон фаъолияти густурда доштааст.
Имрӯзҳо устод Саймуддин Насриддинзода саъю кӯшиш дорад, ки шогирдонаш дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
Музаффар МУРОДОВ, бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.06.2021 №: 126 Мутолиа карданд: 537