сиёсат
СОЗИШНОМАИ СУЛҲ. САНАДЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ВАРТАИ ҲАЛОКАТ НАҶОТ ДОД
27 июн, бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузарондаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи давлати тозаистиқлоли тоҷикон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Ба даст омадани сулҳу субот ва ибтидои раванди ваҳдати миллӣ барои ташкили ниҳодҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани онҳо шароити мусоид ба миён овард. Раванди сулҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дигаргуниҳои мусбат ба вуҷуд биёрад. Ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ҳар соли сипаришуда ба умри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон соле зам мекунад. Ва аҳамияти ин санади тақдирсоз бо гузашти солҳо беш аз пеш меафзояд. Бисту чор соли гузашта маълум кард, ки барои давлат ва миллати тоҷик ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа неъмати бузург ва арзиши олӣ аст.
Барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳо ёбанд. Бинобар ин, масъалаи сулҳу ваҳдат барои давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштию ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллат буд ва ин тарҳи наҷоти таърихии миллӣ маҳз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ба ҳаёти ҷомеа ворид шудани унсурҳои фарҳанги бегона, инчунин, вусъат гирифтани фаъолияти ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву иртиҷоӣ аз мо тақозо мекунад, ки дар ҳифзу густариши арзишҳои неки миллӣ устувор бошем.
Дар ҳақиқат, ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.
Файзалӣ АСОЗОДА,
иҷрочии калони Хадамоти иҷро
дар ноҳияи Шоҳмансур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.06.2021 №: 127 Мутолиа карданд: 638