қонунҳои ҶТ
БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО
25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ”, имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии соҳаҳои номбурдаро танзим намуда, барои рушду густариши онҳо заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.
Тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида, ба такмили сохтори мақомоти дахлдори давлатӣ, пешрафти фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа нигаронда шудаанд.
Қонунҳои баимзорасида, ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, бунёди ҷойҳои нави кор ва беҳбуди зиндагии мардум равона гаштаанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.06.2021 №: 128 Мутолиа карданд: 2739