сиёсат
ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИҶЛОСИЯИ МАХСУСИ СММ
25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 5-умин иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, президенти Маҷмаи умумии СММ Волкан Бозкир, Императори Ҷопон Наруҳито, Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Кооперативии Гайана Муҳаммад Ирфон Алӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина ва роҳбарони як қатор кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ низ ширкат варзиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ баргузории иҷлосияи махсуси СММ оид ба об ва офатҳои табииро иқдоми саривақтӣ маънидод карданд. Баррасии мавзӯи ин чорабинӣ низ бо назардошти афзоиши таҳдидҳои замони муосир, бахусус пайомадҳои пандемияи COVID – 19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба масъалаи вазъи имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои нав, тағйирёбии иқлим ва зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ, сел, обхезӣ, тармафуроӣ, хушксолӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳо, бахусус Тоҷикистон, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, оид ба аҳамияту афзалияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030, Созишномаи Париж оид ба иқлим ва Барномаи Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳо андешаҳои ҷолиб баён дошта, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои муттаҳид сохтани саъю талошҳои муштарак дар ҳалли глобалии мушкилоти сайёра ҷалб сохтанд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки талошҳои муштараки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, хусусан кумаки давлатҳои мутараққӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, метавонанд ба ҳаллу фасли самараноки мушкилоти вобаста ба об ва офатҳои табиӣ мусоидати бештар намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.06.2021 №: 128 Мутолиа карданд: 694