иҷтимоиёт
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ҲАДАФ – ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ХУДШИНОСӢ
«Аниси кунҷи танҳоӣ» гуфтани китоб аз ҷониби орифону мутафаккирони бузурги халқи тоҷик шаҳодати он аст, ки миллати мо аз азал китобдӯсту китобхон буд. Гувоҳи дигар ин зери болини фарзанд дар гаҳвора гузоштани китоб буд, ки то дар оянда насли оқилу доно ба воя расад.
Бешубҳа, насли соҳибмаърифату донишманд рушддиҳандаи маърифати миллат мебошад. Бо дарки ин, се соли охир бо иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Воқеан, ин озмуни созанда инқилоби маданиро дар самти мутолиаи китобхони миёни аҳли ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ба миён овард.
Сарвари фарҳангсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Пас, ҳамаи моро зарур аст, ки дар тарбияи ахлоқии фарзандон - насли ояндасоз баробар саъю талош варзем. Инчунин, онҳоро тарзе тарбият ва ба камол расонем, ки худро шиносанд, модару Ватанро эҳтиром намуда, ба қадри амну субот ва корҳои созандагию шукуфоӣ бирасанд.
Бовар дорем, ки ҷалб кардани ҷавонон ба китобу китобхонӣ ва рӯ овардан ба ин хазинаи маърифат онҳоро аз гаравидан ба гурӯҳҳои бадхоҳу иртиҷоӣ, ки ҳадафашон сарнагун кардани ҳокимият, хунрезию бедодгарӣ, хушунату озурдадилист боз медорад. Зеро миллату халқи босавод ҳеҷ гоҳ дар фикри бадии мардум набуда, балки ҳамеша мекӯшанд таҳамулпазир бошанду нафъи худро ба ҷомеа расонанд.
Сайфиддин МИРЗОШОЗОДА,
устоди Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.06.2021 №: 128 Мутолиа карданд: 648