иҷтимоиёт
«СОЮЗСОХТМОН» ПУЛИ МАРДУМРО ГИРИФТУ ХОНА НАСОХТ. ИН БАҲС ТО КУҶО РАФТ ВА БО ЧӢ АНҶОМ ШУД?
«Аз соли 2012 ба ин сӯ 50 оила (бештар оилаҳои ҷавон) дар шаҳри Душанбе барои идома додани сохтмони бинои манзили зисташон ва ё бозпас гирифтани маблағҳои пардохткардаашон ба сохтмони бинои нотамоми нуҳошёна, дорои 54 хона, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Сино (маҳаллаи 83), ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат мекунанд. Вале чун кор бенатиҷа шуд, шаҳрвандон тасмим гирифтанд, ки вобаста ба ин масъала арзи худро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расонанд. Дар пайи ин муроҷиат раиси шаҳр барои рафъи мушкил дастур дод ва кор ранги дигар гирифт...».
Бо ҳамин мазмун ба унвонии рӯзномаи «Ҷумҳурият» мактуби сокинони пойтахт ворид гардид. Пас аз пайгирии мавзӯъ маълум шуд, ки воқеан, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таъсиси як комиссияи вижа сохторҳои дахлдори шаҳрро муваззаф сохт, ки бо саҳмдорон, яъне сокинон вохӯрию суҳбат анҷом дода, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хонасозии ватанӣ сохтмони бинои нотамомро дар давоми як сол ба анҷом расонда, саҳмдоронро бо манзилҳои зист таъмин кунанд.
Тавре муайян гардид, сохтмони бинои нотамом ҳанӯз аз соли 2012 оғоз гардида, сохтмончии асосии он - ҶДММ «Союзсохтмон» бо роҳи қаллобӣ маблағҳои сокинони саҳмгузорро аз худ карда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шудааст. Масъалаи ҷуброни зарари саҳмдорон, ки наздики 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, тӯли солҳо дар зинаҳои гуногуни судӣ мавриди баррасӣ қарор дошта бошад ҳам, то ҳол ҳалли пурраи худро наёфт ва сокинон бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин нагардиданд.
Танҳо пас аз он ки шаҳрдорӣ аз қазия огоҳ шуд, масъала то андозае ҳалли худро ёфт. Комиссияи махсус ба кор шурӯъ кард ва идомаи сохтмони бинои нотамом ба уҳдаи дигар ширкати хонасоз гузошта шуд. Вале ин ширкат, ба гуфтаи Боқӣ Боқиев, яке аз муроҷиаткунандаҳо, танҳо ба доди 19 оилае расид, ки дар даст ҳалномаи судӣ доштанд. Дар ҳамин ҳол, сокинон мегӯянд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино танҳо дар ҳалли ин қазия ба арзи саҳмдороне расид, ки аз болои роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ «Союзсохтмон» шикоят карданд ва 31 оилаи дигарро не. Ҳол он ки аз қисми зиёде аз ин 31 оила низ дар даст ҳалномаҳои судӣ доштанд.
Сулаймон Шехов, сармутахассиси бахши меъморӣ ва сохтмони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, дар ин бора, гуфт, ки воқеан ҳам, ба сохтмончӣ рӯйхати 19 оила барои бо манзил таъмин кардан пешниҳод шудааст. Он рӯйхат дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи худи сокинон мебошад. Боқимонда, ки дар ҳуҷҷатҳояшон ҳалномаи суд надоштанд, аз рӯйхат берун монданд.
- Ворид кардани сокинон ба рӯйхати умумии саҳмдорони бо манзили зист таъмингардида дар салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия намедарояд. Бинобар ин, сокинон метавонанд ҳуҷҷатҳои зарурии дахлдорро дар ин хусус ба сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр пешниҳод кунанд, - иброз дошт Сулаймон Шехов.
Вале саволи матраҳ ин аст, ки агар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ваколати ба рӯйхат ворид кардани саҳмдорон (сокинон) - ро надорад, чаро масъаларо пурра наомӯхта, оид ба додани манзили зист танҳо ба 19 оила хулоса баровардааст?!
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо пешниҳоди ҳисоботи беасоси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҳуқуқи ин гурӯҳи сокинон, ки чанд сол боз сарсонанд, поймол гардидааст. Дар ҳоле, ки аз 50 оилаи муроҷиатнамуда, ҳалномаи судии 28 оила боқимонда низ бароварда шудааст. Ҳалномаи танҳо 3 оила дар баррасӣ қарор дорад. Акнун тақдири онҳо чӣ мешуда бошад?
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.06.2021 №: 128 Мутолиа карданд: 776