сиёсат
ОҒОЗИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН САДИР ЖАПАРОВ ДАР ТОҶИКИСТОН
28 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
29 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони давлатҳо анҷом ёфт.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ, баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Зимни музокирот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, баррасӣ гардида, перомуни рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо барои роҳ надодан ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд. Дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба кӯшишҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра, аҳамияти баргузории мунтазами мулоқотҳои машваратии сарварони давлатҳо, ки ба ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд, қайд шуд.
Вобаста ба рушди муколамаи байнидавлатӣ, ҷоннок кардани фаъолияти механизмҳои мавҷуда, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо зарурати роҳандозӣ намудани робитаҳои байниминтақавии ду кишварро бо назардошти имкониятҳои кофӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маҷмааи агросаноатӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, истифодаи захираҳои об, идомаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар самти амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ, аз ҷумла сохтмони хати минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ CASA – 1000-ро баррасӣ карданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар мулоқот ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ матраҳ гардид.
Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оранд.
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
29 июн, пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон, бо иштироки сарварони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров зери изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури сарварони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:
- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон “Кабар”.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, сарварони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2021 №: 129 - 130 Мутолиа карданд: 734