logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРБОНГУЛӢ БЕРДИМУҲАМЕДОВ

29 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо  Президенти Туркманистонро бо таманниёти нек ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуданд.
Пешвои миллат фаъолияти сермаҳсули давлатии муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Туркманистони дӯст, ҳамчунин, обруву эътибори баланди ӯро дар дохили ҷомеаи Туркманистон ва берун аз он қайд карданд.
Дар зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу намуданд.
Ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом дода, алоқамандии хешро ҷиҳати ғанӣ гардондани муҳтавои онҳо бо иқдомҳои нави амалӣ иброз доштанд.
Вобаста ба ин, сарварони давлатҳо аҳамияти мулоқоту музокироти сатҳи олии ҷонибҳоро дар ояндаи наздик таъкид намуданд. Президенти Туркманистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Туркманистон даъват ба амал оварданд. Қарор шуд, ки муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.
Ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2021    №: 129 - 130    Мутолиа карданд: 853
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед