мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АЙВАН ГЛАЗЕНБЕРГ
29 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” бо “ТАЛКО” дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкориҳо мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ду ширкат танҳо дар 5 соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод.
Дар мулоқот масъалаҳои азнавсозии технологии ширкати «Алюминийи тоҷик», коркарди алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии ширкати “Алюминийи тоҷик” то як миллион тонна мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву синки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ матраҳ гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2021 №: 129 - 130 Мутолиа карданд: 4517