қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ»
Моддаи 1. Дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз 1 марти соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 130; с. 2006, №3, мод. 150; с. 2008, №6, мод. 449, №10, мод. 799; с. 2012, №8, мод. 822; с. 2014, №11, мод. 661; с. 2018, №1, мод. 11; с. 2020, №12, мод. 911) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Шаҳрвандони хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адокарда ва хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро ба таври намунавӣ адо карда истодаанд, пас аз 12 моҳи хизмати ҳарбӣ дар ҳолати ҷавобгӯ будан ба талаботи қабул ба таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҳарбӣ бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.»;
- қисмҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1787
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 7 апрели соли 2021, № 364
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 158
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2021 №: 129 - 130 Мутолиа карданд: 2721