logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 467; с. 2005, №12, мод. 650; с. 2007, №7, мод. 687; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1006; с. 2011, №6, мод. 437; с. 2018, №5, мод. 277) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- бекорӣ – зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад;»;
«- кори мувофиқ – коре, ки онро шахс иҷро карда метавонад, ба ҷинс, таҳсилот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ, шароитҳои ҷойи кори охирин (ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок), вазъи саломатии ӯ мувофиқ буда, аз маҳалли зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар роҳ) ҷойгир шудааст ва музди меҳнат барои он дар сатҳи на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақалли расман муқарраршуда кафолат дода мешавад;»;
«- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ – мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнатбуда, ки сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои давлатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд;»;
- дар сархатҳои дуюм ва ёздаҳум калимаҳои «мақомоти давлатӣ ё мақомоти дигари шуғли аҳолӣ» ва «мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ё дигар ташкилотҳо» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ» иваз карда шаванд;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- кори фосилавӣ – шакли махсуси амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор;».
2. Дар қисми чоруми моддаи 3:
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба кори фосилавӣ машғуланд ва хусусиятҳои танзими меҳнати ин гурӯҳи кормандонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян менамояд;»;
- дар сархати чорум калимаҳои «таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ» ва «мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ» мувофиқан ба калимаҳои «таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 4:
- дар қисми якум ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ», «Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ»,
«мақомоти давлатии шуғли аҳолиро» ва «мақомоти давлатии шуғли аҳолидошта» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ», «Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ», «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ доштаро» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми дуюм калимаи «амволи» ба калимаҳои «молу мулки» иваз карда шавад.
4. Дар қисми дуюми моддаи 5 калимаҳои «дар бораи» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шаванд.
5. Ба сархати дуюми қисми якуми моддаи 12 пас аз калимаҳои «аҳолӣ ва» калимаҳои «оид ба» илова карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 19:
- дар сархати дуюм калимаҳои «дар бораи» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 21:
- дар қисми сеюм калимаи «таълими» ба калимаҳои «таълимии таҳсилоти миёнаи» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «Мақомоти соҳаи маориф» ба калимаҳои «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 22:
- дар қисми якум калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «дар бораи» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаҳои «дар бораи» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шаванд.
10. Дар сархати якуми қисми сеюми моддаи 28 калимаҳои «бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи нашъадор ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда» ба калимаҳои «бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда» иваз карда шаванд.
 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1789
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 7 апрели соли 2021, № 360
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  21 июни соли 2021, № 160
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2021    №: 129 - 130    Мутолиа карданд: 2730
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед