logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» аз 21 феврали соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №2, мод.65) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати понздаҳум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати шонздаҳум хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 8, қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи 16 калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» ва «Мақомоти ваколатдори давлатӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ва «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ» иваз карда шаванд.
3. Сархати ҳаштуми моддаи 18 хориҷ карда шавад.
4. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба истеҳсол ва муомилоти ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба истеҳсолу муомилоти ғалла, мусоидат ба ташкили бозори ғалла, ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни он;
- таҳия намудани барномаҳо ва дурнамоҳои давлатӣ вобаста ба истеҳсоли  ғалла;
- гузаронидани мониторинги бозори ғалла;
- мусоидат ба рушди селексия, тухмипарварӣ, технологияи коркарди зироатҳои ғалладонагӣ, нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ва ҳифзи растаниҳо; 
- таҳия ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор мувофиқа намудани шаклҳои намунавии ҳисоботи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, тозакунӣ, фурӯш ва истифодаи партовҳои ғалла;
- додани тавсияҳо ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсоли ғалла ва муомилоти он;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла;
- таҳия намудани барномаҳо ва дурнамоҳои давлатии истеҳсоли маҳсулоти коркарди ғалла;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ оид ба бехатарии озуқавории ғалла ва маҳсулоти коркарди ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;
- назорати давлатии бехатарии ғалла, маҳсулоти коркарди ғалла ва карантини растанӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба стандарт ва сифати ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- стандартикунонии техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқати ғалла;
- назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатии истеҳсол ва муомилоти ғалла; 
- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои санҷиши сифати ғалла оид ба  риояи тартиби гузаронидани ташхиси сифати ғалла;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ оид ба захираи давлатии ғалла ваколатҳои зерин дорад:
- назорати истифодаи захираи давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, пурра намудани захираи ғалла дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1790
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 5 майи соли 2021, № 402
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  21 июни соли 2021, № 161


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2021    №: 129 - 130    Мутолиа карданд: 2708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед