қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.521; с.2014, №7, қ.2, мод.411; с.2018, №1, мод.33) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 5 сархатҳои дувоздаҳум ва сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро оид ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо назардошти усули ба хавф нигаронидашуда мегузаронад. Тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии танзими фаъолияти аудиторӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян карда мешавад;
- ҳангоми аз ҷониби ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор меандешад;».
2. Ба қисми 6 моддаи 9 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шахсоне, ки барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда доғи судӣ доранд ва ё барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шудаанд, ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод гардидаанд, наметавонанд ба фаъолияти аудиторӣ машғул шаванд, роҳбар ва ё узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон), мақоми иҷроия, муассис ва ё молик-бенефитсиари ташкилоти аудиторӣ бошанд.».
3. Дар сархати ҳафтуми қисми 2 моддаи 10, сархати чоруми қисми 2 моддаи 12 ва қисми 7 моддаи 25 калимаҳои «ва маблағгузории терроризм», «ва маблағгузории терроризмро» мувофиқан ба калимаҳои «маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро» иваз карда шаванд.
4. Ба моддаи 24 қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«8. Хулосаи аудиторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба он ба муҳлати на камтар аз панҷ сол пас аз пешниҳод намудани он нигоҳ дошта мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1797
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 26 майи соли 2021, № 426
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 168
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2021 №: 129 - 130 Мутолиа карданд: 2735