қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 апрели соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539, № 12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, № 12, мод. 830; с. 2013, № 3, мод. 178, № 7, мод. 499; с. 2016, № 3, мод. 126, № 7, мод. 600; с. 2017, № 7-9, мод. 563) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 22 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 22.
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолат, шаффофият, ошкорбаёнӣ ва дастаҷамъӣ ба роҳ мемонад.».
2. Дар моддаи 4:
- қисми чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ҳар як Маҷлис дар ҷаласаҳои онҳо қабул карда мешавад.»;
- қисми чорум қисми панҷум ҳисобида шуда, дар он калимаи «миллии» ба калимаи «Миллии» иваз карда шавад.
3. Ба қисми сеюми моддаи 9 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Тартиби даъват ва гузаронидани ҷаласаи якҷояро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муқаррар менамоянд.».
4. Ба қисми чоруми моддаи 17 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Тартиби даъват ва гузаронидани иҷлосияро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури Маҷлиси миллӣ муқаррар менамоянд.».
5. Дар банди 1 қисми якуми моддаи 19 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар бандҳои 3) ва 7) қисми якуми моддаи 24 калимаҳои «мефиристад» ва «байнипарлумонии» мувофиқан ба калимаҳои «пешниҳод мекунад» ва «байнипарламентии» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 27:
- ба қисми панҷум ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шӯрои Маҷлиси миллӣ метавонад қарорро ба тариқи пурсиш қабул намояд.»;
- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ ё қарори Маҷлиси миллӣ бекор карда мешаванд.».
8. Дар моддаи 28:
- ба банди 4) баъд аз калимаҳои «Шӯрои Маҷлиси намояндагон» калимаҳои «, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор» илова карда шаванд;
- дар банди 7) калимаи «эродҳои» ба калимаҳои «эрод ва дархости» иваз карда шавад;
9. Дар банди 10) қисми якуми моддаи 46 калимаи «эродҳои» ба калимаҳои «эрод ва дархости» иваз карда шавад.
10. Моддаҳои 691, 692 ва 693 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 691.
Нашрияҳои расмии Маҷлиси Олӣ рӯзномаи «Садои мардум» ва маҷаллаи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.
Оинномаи рӯзномаи «Садои мардум» бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 692.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шабакаи интернет сомонаи расмии худро доранд. Тартиби пешбурд, номгӯи маълумот ва иттилооте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, мувофиқан дар Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешаванд.
Моддаи 693.
Қароргоҳи расмии Маҷлиси Олӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1798
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 26 майи соли 2021, № 420
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 169
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2021 №: 129 - 130 Мутолиа карданд: 2719