logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006,  №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848; с.2013, №3, мод.191; с.2015, №11, мод.971; с.2016, №7, мод.629, №11, мод.884; с.2019, №4, мод.230; с.2019, №6, мод.324, мод.325) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 5:
- баъд аз калимаҳои «апостил ва мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист» аломат ва калимаҳои «, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба додани иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт» илова карда шаванд;
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;»  иваз карда шавад;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- пардохтҳое, ки боби 212  Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.».
2. Аз моддаи 823  калимаҳои «ва иншооти тиҷоратӣ» хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 824:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони бино ва иншооти маъмурӣ  ва иҷтимоӣ, инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ, иншооти сайёҳӣ, анборӣ, фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ, таъиноти махсус ва ҳарбӣ аз супоридани пардохт озод карда мешаванд.»;
- ба қисми 2 баъд аз калимаи «сохтмони» калимаҳои «биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадори давлатию хизматӣ, хобгоҳ ва»  илова карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар моддаи 823 Қонуни мазкур пешбинигардида, ки бо ташаббуси худ объектҳои барои рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва ободонии пойтахт заруриро сохта, ба моликияти давлат месупоранд, агар арзиши ин объектҳо аз меъёри пардохт кам набошад, аз пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот озод карда мешаванд. Дар сурати кам будани арзиши объектҳо аз меъёри пардохт, ҳисоббаробаркунии бақияи пардохт аз рӯи маблағи умумии пардохтҳои ҳатмӣ аз ҳисоби объектҳои сохташаванда анҷом дода мешавад.». 
4. Дар моддаҳои 825, 826 ва  қисми 1 моддаи  827 калимаҳои «истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ» ба калимаҳои «истиқоматӣ ва масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1796
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 апрели соли 2021, № 384
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,               моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 167
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2021    №: 129 - 130    Мутолиа карданд: 2791
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед