қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12 майи соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №5, мод.363; с.2008, №3, мод.202; с.2010, №7, мод.554; с.2013, №3, мод.202; с.2015, №7-9, мод.700, №11, мод.963; с.2019, №1, мод.22) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз моддаҳои 3, 13, 22, 23, 25, 35 ва 37 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаҳои 12, 17, 35 ва 39 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 5 моддаи 39 калимаҳои «аккредитатсия карда» ба калимаҳои «ба қайд гирифта» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1801
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 7 апрели соли 2021, № 358
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 172
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2021 №: 129 - 130 Мутолиа карданд: 2770