қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» аз 20 июни соли 2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2019, №6, мод. 320) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сеюми моддаи 1, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 5, сархати дуюми моддаи 8 ва дар номи моддаи 9 калимаҳои «мақоми» ва «Мақоми» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти» ва «Мақомоти» иваз карда шаванд.
2. Сархати дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба чарогоҳ;».
3. Қисми 3 моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ дар мувофиқа бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ менамоянд.».
4. Матни моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ ваколатҳои зеринро дорад:
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии чарогоҳ;
- таҳлили иҷрои нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба беҳтаргардонии ҳолат ва рушди объектҳои инфрасохтории чарогоҳ;
- гузаронидани мониторинги давлатӣ вобаста ба истифодабарии чарогоҳ;
- таъмини ба роҳ мондани истифодабарии босамар ва маҷмӯии чарогоҳ, нигоҳдории объектҳои инфрасохтории он;
- муайян намудани тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва муҳлати истифодабарии чарогоҳ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи чарогоҳ ваколатҳои зеринро дорад:
- гузаронидани мониторинги давлатӣ вобаста ба ҳифзи чарогоҳ ва арзёбии натиҷаҳои он;
- назорати истифодабарии объектҳои инфрасохтории чарогоҳ ва тартиби истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби истифодабарандагони чарогоҳ;
- ташкили таҳқиқоти геоботаникии чарогоҳ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
5. Матни моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мониторинги давлатии чарогоҳ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.».
6. Дар моддаи 14:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба истифодабарии чарогоҳ ва бақайдгирии давлатии он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.»;
- ба қисми 2 пас аз калимаи «чарогоҳ» дар қавсайн калимаи «(сервитут)» илова карда шавад.
7. Дар қисми 2 моддаи 20 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин дар маҳал» ба калимаҳои «сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин ва ҳифзи чарогоҳ» иваз карда шаванд.
8. Ба сархати сеюми қисми 1 моддаи 23 пас аз калимаи «гирифташударо» калимаҳои «бо розигии заминистифодабарандаи якумдараҷа» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 25:
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «оид ба ҳифзи чарогоҳ» илова карда шаванд;
- сархатҳои якум, дуюм ва шашуми қисми 3 хориҷ карда шаванд.
10. Ба қисми 2 моддаи 26 пас аз калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «оид ба истифодабарии чарогоҳ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1791
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 28 апрели соли 2021, № 388
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 162
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2021 №: 129 - 130 Мутолиа карданд: 2797