қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 339; с. 2006, № 11, мод. 472; с. 2009, № 12, мод. 814; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, № 3, мод. 179, № 7, мод. 500; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 268, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 1) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 6. Муносибатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба амалӣ гаштани вазифаҳои онҳо мусоидат менамоянд ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ мерасонанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия метавонанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи баъзе ваколатҳои худро ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузоранд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкилу амалисозии фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва дигар шароитҳоро муҳайё ва ба аҳолӣ дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо мусоидат менамоянд.».
2. Дар моддаи 10 калимаҳои «маҷлисҳои мақомоти онҳо» ва «ташкилиро» мувофиқан ба калимаҳои «ҷаласаҳои мақомоти онҳо» ва «марбут ба фаъолияти онҳоро» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 14:
- дар қисмҳои нуҳум, ёздаҳум ва сездаҳум калимаҳои «Маҷлисҳои», «маҷлиси» ва «маҷлисҳои» мувофиқан ба калимаҳои «Ҷаласаҳои», «ҷаласаи» ва «ҷаласаҳои» иваз карда шаванд.
4. Ба қисми сеюми моддаи 31 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- даромад аз рекламаи беруна;».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 июни соли 2021, № 1800
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 26 майи соли 2021, № 424
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро бар¬расӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 июни соли 2021, № 171
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2021 №: 129 - 130 Мутолиа карданд: 2872