logo

маориф

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ КОРШИНОСОНИ ВАРЗИДАИ СОҲАИ БИОЛОГИЯРО ТАРБИЯ МЕНАМОЯД

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи андешаронии техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 - ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуданд. Имрӯз ин дарёфти оқилонаву ояндасози Сарвари давлат дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳаммаромони бешумореро ба ҳам овардааст, ки онҳо аз созмон додани маҳфилу ҷамъиятҳои гуногуни донишҷӯён, сохтмони озмоишгоҳҳои фаннӣ то баргузории конференсияҳои пайдарпай ва чопи дастуру мақолаҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамин аст, ки дар таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ воситаҳои нави техникӣ васеъ истифода мешаванд. Озмоишгоҳҳои оптика ва радиоэлектроника, биология, химия, лингофонӣ, кабинети воситаҳои техникӣ, маркази омӯзиш, 4 синфхонаи компютерӣ фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонда шуданд. 
Акнун ба шарофати тадбирҳои андешидаи Вазорати маориф ва илми мамлакат бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дорои имконияти дигаре гашт. Мебояд ёдовар шуд, ки 7 августи соли 2015 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд - Бонки ҷаҳонӣ  Созишнома оид ба маблағгузории  лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонда шуд. Дар чаҳорчӯбаи он баҳри беҳсозии сифати таълим ва ҷавобгӯ буданаш ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Созишномаи грантӣ, ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунии  “Такмили  барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология ) вобаста ба талаботи бозори меҳнат”  ба имзо расид. 
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барандаи озмун гардида, барои амалӣ намудани ҳадаф ва мақсадҳои лоиҳа як қатор корҳои ташкилиро ба анҷом расонд. Аз ҷумлаи муҳимтарин тадбирҳо барои натиҷагириҳои босамар  ин тайёр кардани коршиносони варзидаи соҳаи биология (биотехнология) аз роҳи бозбинии барномаҳои таълимӣ ва фаннӣ, мутобиқгардонии барномаҳо ва ихтисоси зикргардида ба талаботи бозори меҳнат ва омодасозии  барномаи мазкур барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад.  97 дарсади маблағгузорӣ (2 744 048,00 сомонӣ) аз ҳисоби грант буда, саҳми донишгоҳ 3 дарсадро (84941,00 сомонӣ)  ташкил медиҳад. 
Чуноне дар назар гирифта шудааст, байни муассисаҳои таълимоти олии кишвар ва донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ барои рушди ояндаи фаъолияти таълимӣ ва илмӣ   ҳамкориҳои дарозмуддати судмандеро роҳандозӣ намуда, ба хотири гузарондани омӯзишҳою семинарҳо аз ҳамкорони муассисаҳои таълимоти олии кишварҳои шарик таҳлилгарон - коршиносонро дар соҳаи методикаю методологияи таҳлил ва таҳияи барномаҳои таълимӣ даъват ба амал оварда мешавад. Дар ин росто, барои ошкор намудани душвориҳои ҷойдошта ва ҳамгунсозии нақшаҳои таълимӣ бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ, барномаҳои дарсии амалкунанда аз фанҳои биология (биотехнология) мавриди таҳлили ҳамаҷониба мегардад. Дар заминаи факултаи химия ва биологияи донишгоҳ базаи илмӣ-амалӣ (таҳқиқотӣ) таъсис мегардад, ки он дар тайёр кардани коршиносони варзидаи соҳаи биология (биотехнология), биология-химия, биология-экология нақши арзанда хоҳад дошт.
Яке аз паҳлуҳои босамари лоиҳаи мазкур аз он ҳувайдо мегардад, ки бар ҳадафи омӯхтани таҷрибаи пешқадами Аврупо дар соҳаи биология (биотехнология),  бо ташкил ва доир намудани сафарҳои корӣ барои аъзои гурӯҳи мазкур ва омӯзгорони донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои шарик, аз таҷрибаи андӯхташудаи он кишварҳо факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар фаъолияти ояндаи хеш кор мегирад. Бо ин мақсад, донишҷӯёни бахши биологияи (биотехнология) факултаи химия ва биологияи донишгоҳ барои омӯзиши таҷриба ба донишгоҳҳои пойтахти кишвар сафарбар шуданд. Ин сафари омӯзишии донишҷӯёну омӯзгорон дар авохири соли 2020 дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи генетика ва биологияи рустаниҳо сурат гирифт. Сипас,  донишҷӯёну омӯзгорон озмоишгоҳҳо ва имкониятҳои технологии соҳаи биологияи (биотехнология) Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, аз ҷараёни фаъолияти онҳо баҳравар гаштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки коршиносони аз лоиҳа даъватшуда бо ҳамроҳони маҳаллии худ натиҷагирӣ кардаанд, ки факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамчун факултаи пилотӣ пазируфта шавад. Яъне ин факулта заминагузори паҳнсозии донишҳои биотехнологӣ гашта, таҷрибаву имкониятҳои техникии он ба таври густурда ба кор бурда хоҳад  шуд. Базаи илмӣ - амалии (таҳқиқотии)  он ҷуз коршиносони  тахассусҳои биология (биотехнология), биология - химия, биология - экология дорои озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо асбобу олоти замонавӣ мебошад. Аз рӯи нишондодҳои лоиҳа, барои амалисозии шоистаи барномаи ба тозагӣ тартибдодаи таълимӣ, корбурди дурусту босамари базаи илмӣ - амаливу таҳқиқотӣ, омӯзгорони донишгоҳ мебоист ба хориҷи кишвар, ба донишгоҳҳои кишвари шарик сафар мекарданд ва, ҳамзамон, коршиносони он донишгоҳҳои хориҷӣ бори дигар ба кишвари мо сафари корӣ медоштанд. Мутаассифона, хуруҷи бемории коронавирус садди роҳи он сафарҳо гашт. Умед аст, ки бо фароҳам омадани шароити мусоид, рафтуомади ҳамкорони лоиҳа барқарор хоҳад гашт.
Мебояд ёдовар шуд, ки ҳамкорони мо дар ин лоиҳа Донишгоҳи техникии Рига (Латвия), Донишгоҳи Упсала (Шведсия), маркази илмии Хатлон ва Пажӯҳишгоҳи чорвопарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошанд.
 
Зафар МИРЗОЁН, 
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2021    №: 131    Мутолиа карданд: 5570
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед