мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МИР РАҲМОН РАҲМОНӢ
30 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот раванди ҳамкории байни кишварҳо, бахусус робитаҳои парлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсат, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ, ҳамчунин, вазъи имрӯзаи Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардуми Тоҷикистон на танҳо аз назари ҷуғрофӣ, балки аз дидгоҳи муштаракоти арзишӣ низ ҳамеша дар паҳлуи мардуми Афғонистон қарор хоҳад дошт. Мо аз иқдомҳои Ҳукумату мардуми кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисоди мамлакат пуштибонӣ хоҳем кард.
Ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳо дар самтҳои барои кишварҳо афзалиятноку судманди соҳаҳои энергетика ва зерсохтор, ташкили долонҳои нави нақлиётӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур табодули андеша намуданд.
Вобаста ба идомаи нооромиҳо дар Афғонистон ва шиддат гирифтани вазъи сиёсиву низомӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ҷонибҳо ҳамкории амалии ду кишварро дар арсаи амниятӣ зарур донистанд. Таъкид шуд, ки барои мубориза бар зидди террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори қочоқи маводи мухаддир чораҳои муассир андешида шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.07.2021 №: 131 Мутолиа карданд: 4741