logo

сиёсат

ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МИР РАҲМОН РАҲМОНӢ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ҳайси мушоҳид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. 
Дар мулоқот зикр гардид, ки пайвандҳои бародарии мардумони Тоҷикистон ва Афғонистон аз қаъри таърих маншаъ гирифта, зербинои мустаҳками равобити муосири ду кишвар мебошанд. Густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муқаррар гардида, дар ин раванд парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар  густариши ҳамкории байни кишварҳо нақши муҳим доранд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки мардуми Тоҷикистону Афғонистон хуб дарк менамоянд, ки маҳз тавассути талошу пайгириҳои муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равобит ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёфтанд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша пуштибону ҷонибдори кӯшишу талошҳои Ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон бобати ба роҳ мондани раванди музокироти сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад. Таъмини суботу оромии Афғонистон барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар баробари таъмини амнияти минтақавӣ, аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ низ касб менамояд. 
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати босамари хориҷии Ҳукумати мамлакат ва бо мақсади таҳкими робитаҳои гуногунҷанба, дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон пулҳои дӯстӣ бунёд карда шудаанд.
АМИТ "Ховар"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2021    №: 131    Мутолиа карданд: 950
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед