logo

сиёсат

МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

Ваҳдат мафҳуми нав нест. Ин категорияи фалсафии хеле қадима мебошад, ки барои миллати тоҷик ҳанӯз аз даврони давлатдории аҷдоди ориёиамон - Пешдодиён рӯи кор омада, зарурати таърихии худро ба миён гузошта буд. Ҷамшеди аҷдодамон аввалин давлатдориро густариш дод, ки табақоти онро риштаи ваҳдату ягонагӣ таҳти шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» бо ҳам пайванд дода буд. Ва замоне ки ин риштаро мухолифон хароб карданд, давлати абарқудрати вай пош хӯрд. Чунин қисмат бар сари Сосониён ҳам омада буду бар сари Сомониён ҳам. Неруҳои берунии бегона ба дохили давлатдориҳои аҷдодони тоҷикон ворид гашта, онҳоро аз дарун хароб карданд ва сабабгори пароканда шуданашон гардиданд. 
 
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ буд, вале он осон ба даст наомад. Чун лаҳзае ба пас нигарем, ин саҳна рӯшан пеши назар таҷаллӣ мегардад. Вале миллати куҳанбунёди тоҷик, ки ботини чун оби равон покиза, хираду заковати азалӣ дорад, ҳама душвориҳоро паси сар карду ба ҳам омад ва дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ он қадар ободӣ, созандагию бунёдкорӣ кард, ки ҳамсоягон аз он дар ҳайратанд.
Поягузори ин ҳама комёбиҳои таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - анҷумани тақдирсози миллати тоҷик Сарвари давлат интихоб шуданд. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик сулҳ эҷод карданду дар сангинтарин вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ беш аз як миллион тоҷикони фирориро ба Ватан баргардонданд ва Тоҷикистонро аз порашавии ногузир наҷот доданд. Ин худ як корномаи таърихӣ буд.
Мантиқан сулҳу ваҳдат мафҳумҳоеанд, ки якдигарро пурра месозанд. Инро мо дар раванди таърихи навини тоҷикон равшан ба мушоҳида гирифтем. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 баъд аз кӯшишу талошҳои чаҳорсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, барои мамолики атроф ва, умуман, ҷаҳониён сулҳофарии тоҷикон таҷрибаи нави таърихӣ дар олами сиёсат қаламдод шуд. Ақлу хиради азалии миллати тоҷик рӯйдоди бузурги таърихиро рӯи кор овард. Миллат ба ҳам омаду моҳе пас бо иродаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон чун як созмони ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ки он дар таҳкими ваҳдат, ягонагӣ, иттиҳоду иттифоқ корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Як шохаи ин ҳаракат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ фаъолияти пурсамар дорад. Ифтихормандем, ки ба ин ҳаракат Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дар яке аз ҷамъомадҳои он бо як боварӣ ва эътимод иброз доштанд: «Ба ин ҳаракат метавонанд созмонҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ, ҳизбҳову ҳаракатҳо, ташкилотҳои эҷодӣ, илмиву динӣ, сиёсию мазҳабӣ, милливу иҷтимоӣ, ки ҳадафи асосии фаъолияташон таҳкими ваҳдати миллӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад, шомил шаванду ҳамдастона пешравии иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонамонро равнақ бахшанд. Мо як вазифа дорем, ки он иборат аз таҳкими сулҳи Тоҷикистону ягонагии халқи тоҷик мебошад, ки шабу рӯз дар талоши онем».
Дар ин марҳила даҳҳо барномаҳои гуногунпаҳлуи рушди иқтисодию иҷтимоӣ тарҳрезӣ шуданд, ки аксари бандҳои он, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, ҳаллу фасли худро пайдо карданд. Албатта, мардум хуб дар ёд доранд, ки Сарвари давлат аз минбари баланд, бо як қатъият супориш дода буданд: «…шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвозро бо нохун бошад ҳам, аз ҷигари Девдараю Таёқпарто месозем». Чунин ташаббуси Пешвои миллатро бадахшониён дар таърихашон нашунида буданд. Ин садои ваҳдат буд, садои сулҳ буду меваи истиқлолият! Нерумандии халқ пас аз афсурдагиҳои тӯлонӣ аз нав эҳё шуд. Агар падарон ҳиммат карда, дар 106 рӯз сохтани шоҳроҳи Комсомолобод - Хоруғро анҷом дода, корнамоии таърихӣ нишон дода бошанд, пас фарзандони имрӯза аз онҳо кам наомаданд, корҷома ба бар карда, дар як муддати кӯтоҳ «аз ҷигари Девдараю Таёқпарто» роҳе сохтанд дар сатҳи меъёри байналмилалӣ. Дар сохтмони он фарзандони тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ҳиссаи ҷавонмардонаи худро гузоштанд, ки ин ҷилои номус, ваҳдат ва ягонагӣ буд.
Девдара ба Гулдара табдил ёфту аз синаи Таёқпартою Чапарак шоҳроҳи стандарти байналхалқӣ доман густурд. Шоҳроҳи Мурғоб - Кулма - Қароқурум бо дастони фарзандони диёрамон сохта шуду имрӯз аз Чин ҳазорҳо тонна бори ниёзи мардум ворид мегардад. Ва, ҳамчунин, маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷа бурда мешавад. Ин амали хайр низоми тозаи равобити байналхалқӣ, сиёсати оқилонаи хориҷии кишвар, неруи торафт афзояндаи сохторҳои давлатиро таъмин намуд. Ба истиқлолияти иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд. Дар соли сипаригардида ҳаҷми воридоти мол аз Чину Афғонистон ва мамолики Осиёи Марказӣ ба диёрамон тақрибан се баробар афзоиш ёфт. Мардум маданияту фарҳанги додугирифтро хеле хуб омӯхтанд. Ҳоло сохтмони роҳи 26 - километраи Шкев - Қалъаихумб бо маблағгузории зиёда аз 31 миллион сомонӣ ҷараён дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд.
Неругоҳи барқи обии «Помир-1» намунаи равшани ваҳдат, якдилию ҳамдастӣ, иттиҳоду иттифоқи мост, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, амали хайри фарзандони диёр сохта шуда, аҳолии вилоятро 20 -22 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин менамояд. Имрӯз на танҳо сокинони марказҳои шаҳру ноҳияҳо, балки сокинони дараю водиҳои дур низ аз тамошои барномаҳои шабакаи аввал 99 дарсад, «Сафина» - 90, «Баҳористон» - 77, «Ҷаҳоннамо» - 84 дарсад бархӯрдор мебошанд. Истифода аз алоқаи кайҳонӣ, интернет, антенаҳои пароболӣ ва дигар васоити ахбор гӯё чизи муқаррарӣ шудааст. 
Бо соҳибистиқлол шудани мамлакат Бадахшони Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, мардум бо истифода аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат ба зинда кардани анъанаҳои хуби ниёгон ва ворид шудан ба айёми нави ҷамъиятию равнақ бахшидан ба ҳунарҳои мардумӣ даст ёфт. Имрӯз бадахшонӣ доктори илм, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, созандаю бунёдгар, ҳунарвари мардумӣ буда, ба Ватани худ - Тоҷикистони азиз хидмат мекунад. Имрӯз халқи тоҷик бо номи академикҳои бадахшонии худ ифтихор дорад, бадахшониён аз дастгирии ҳамаҷонибаи олимону адибон, ҳунарварону варзишгарони худ аз ҷониби Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуд буда, ба ин фарзанди наҷиби тоҷик арзи сипос ва дуруди беқиёс мегӯянд. 
Таърих таърих асту он дурию наздикӣ надорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар даврони шӯравӣ ягон сардори давлат ба Бадахшон қадам нагузошта буд. Дар шасту чор маротиба сафари Бадахшон кардан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толорҳо, дар сари роҳҳо ва саҳни хонаҳои маданият, гулгашту боғоту саҳро бо мардум суҳбатҳои самимонатарин доир кардаанд.
Ҳар як сафари Пешвои миллат ба Бадахшон эҷодгари як таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ аст. Бахусус, сафари сиюҳафтумини Сарвари давлат, ки соли 2008 ба ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошиму Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ҷараён гирифт, суҳбату мулоқотҳояшон бо фаъолони вилоят, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ба раванди корҳои ободонию созандагӣ, беҳтар гардидани авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ такони тоза бахшид. Дар заминаи ин сафар қарори барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақша - тадбирҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Кӯҳистони Бадахшон дар ду - се соли оянда ба тасвиб расид, ки тибқи он дар ҳудуди вилоят қариб 200 иншооти дорои характери иқтисодию иҷтимоӣ бунёд ва аз нав сохта шуд. Сохтмони варзишгоҳи марказӣ, биноҳои серошёнаи маркази савдо дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ, Гимназия - интернати президентӣ барои хонандагони болаёқат, маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ, хобгоҳ барои ҳазор нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ, сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар мавзеи Дашти Болои шаҳри Хоруғ, азнавсозии театри вилоятӣ, сохтмони бинои замонавии Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва даҳҳо мактабҳо, пулҳою роҳҳо, НБО “Тоҷикистон” дар Мурғоб, бинои истиқоматии 9 - ошёнаи шаҳри Хоруғ, дар маҷмӯъ, зиёда аз сад иншооти хурду калон дастовези Сарвари давлат мебошанд. Корҳои ободонию созандагӣ солҳои охир чунон суръати тоза гирифтанд, ки Бадахшон чунин шоҳкориҳоро дар хотир надорад. 
Сохтани шоҳроҳи замонавӣ аз ағбаи Кулма ҷониби Чин, бунёди шоҳпулҳои байналмилалӣ ҷониби давлати ҳамсояи Афғонистон ва оғоз ёфтани тиҷорати наздисарҳадӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардуми диёрамону ҳамсоякишварҳо як гардиши бузургеро рӯи кор овард, ки ин аз сиёсати сулҳдӯстонаи Президенти Тоҷикистон дарак медиҳад. 
Тоҷикистони мо имрӯз ба дунёи васеъ роҳ пайдо кард ва эътибори байналмилалии он лаҳза ба лаҳза боло меравад. Бадахшон чун як порчаи хоки Тоҷикистон аз ин дастовардҳои таърихӣ дар канор намонд. Панҷ шоҳпули замонавӣ дар мавзеъҳои Ишкошим, Хоруғ, Ванҷ ва Дарвоз роҳи моро ҷониби давлати ҳамсояи Афғонистон кушода кард. Имрӯз Бадахшони Тоҷикистон дар қафаси сангин ғунуда нест, балки бо давлатҳои Афғонистону Чин, Қирғизистон ва дигар мамолики Осиёи Марказӣ бе мамониат рафтуо дорад ва дар таъмини иқтисоди диёр ҳиссаи назаррас гузошта истодааст. Таъмини фазои сулҳу дӯстӣ буд, ки имрӯз садҳо ҷавони Бадахшон дар шаҳрҳои Россия кор карда, дар сохтмони мактабу манзилгоҳ, неругоҳҳои барқии хурду пулҳои байнидеҳотии зодгоҳашон корҳои муайянеро анҷом медиҳанд, ки ин самараи сулҳу амонӣ ва ваҳдати воқеӣ мебошад. 
Мардуми Бадахшон аз он ифтихор доранд, ки Сарвари давлат ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят назари хирадмандонаю нек доранд. Ва ин ҳадафҳои Пешвои муаззами миллат: «Асри ХХI - асри Бадахшон», «Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд» зина ба зина амалӣ мегарданд, ки ҳамаи ин натиҷаи ваҳдати миллӣ аст. Зеро ваҳдат муҳаббат аст, садоқат аст, иттиҳоду иттифоқ аст, он аз худшиносию худогоҳии фардӣ то хештаншиносии миллӣ домани паҳно дорад. Дӯстиву ваҳдати халқҳои олам, шинохти хешу шинохти ҳамсояҳо, бархӯрди тамаддунҳою эҷоди фарҳанги нави миллӣ, ҳамзистии осоиштаву ҳамкории барои тарафайн судманд ҳамагӣ аз обу гили ваҳдат сабз мешаванд. 
 
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМ, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2021    №: 131    Мутолиа карданд: 988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед